Салом ба ҳамма!
Ба таваҷҷуҳи шумо маҷмӯаи рӯйдодҳои муҳими кишварҳои Осиёи Марказиро пешкаш мекунам.
Рафтем!
Маориф ва илм
Довталабони Қирғизистон дар бораи супоридани имтиҳони умумимиллӣ чиро бояд донанд? Тафсилоти бештар: https://kaktus.media/doc/460227_chto_nado_znat_abityrientam_o_sdache_obsherespyblikanskogo_testirovaniia.html
Дар Қирғизистон 77 дарсади кӯдакони синни мувофиқ бо муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, 6 дарсади кӯдакон ба мактаб намераванд. Чунин рақамро рӯзи 17-уми май зимни як мизи мудаввари «Маориф ва амнияти миллӣ» коршиноси соҳаи маориф Асилбек Ҷодонбеков эълон кард. Тафсилоти бештар: https://kaktus.media/doc/460020_v_kyrgyzstane_rastet_kolichestvo_detey_ne_ohvachennyh_obrazovaniem.html
Бисёр волидайн мехоҳанд, ки фарзанди онҳо ба ягон навъ маҳфилҳои муфид, мувофиқ ва инкишофёфта раванд. Робототехника ин эҳёи математика, физика ва механика дар ҳаёти воқеӣ аст, на дар китоби дарсӣ. Тафсилоти бештар: https://kaktus.media/doc/460263_kosmicheskie_letnie_kanikyly_v_lige_robotov.html
Ҷамъият
Шумораи бештари наврасони аз 14 то 17 сола дар бораи кори тобистона фикр мекунанд. Бо вуҷуди кам будани маош — аз 9 то 21 ҳазор сум, хоҳишмандон бисёранд. Тафсилоти бештар: https://kaktus.media/doc/459995_letniaia_podrabotka_dlia_podrostkov._chto_nyjno_znat_rebenky_i_roditelu.html
Технология
Раиси Оҷонсии кайҳонии Ӯзбекистон Шуҳрат Қодиров дар музокироти ахир бо намояндаи ширкати амрикоии SpaceX Бен МакВилямс аз ширкати Илон Маск барои таҳияи лоиҳаи интернети моҳвораии баландсуръати Starlink дар Ӯзбекистон даъват кард, хабар медиҳад Podrobno.uz. Тафсилоти бештар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20220520/mozhet-li-tadzhikistan-prisoedinitsya-k-proektu-maska-starlink
Аз қаллобон эҳтиёт шавед!
Қаллобон занг зада худро афсари полис меноманд, ному насабро гуфта маълумоти ташвишоварро хабар медиҳанд. Хабарнигорони "Шабакаи 31" фаҳмиданд, ки кӣ ва барои чӣ ба қазоқҳо занг мезанад. Тафсилоти бештар: https://informburo.kz/stati/lipovye-policeiskie-obcishhayut-koselki-kazaxstancev
Фарҳанг ва спорт
Рӯзи 20 май дар Осорхонаи таърихии Бишкек намоишгоҳ аз сикли “Портрет дар пасманзари даврон” бахшида ба арбоби давлатӣ Темирбек Қошоев ифтитоҳ шуд. Ходими намоёни давлатй ва чамъиятии РСС Қирғизистон ва Қирғизистони мустақил мебошад. Тафсилоти бештар: https://kaktus.media/doc/460299_v_bishkeke_otkrylas_vystavka_portret_na_fone_epohi:_gosdeiatel_temirbek_koshoev.html
Аввали моҳи июн дар калонтарин боғи аквапарки минтақа – Кули Душанбе SOMON MUSIC FESTIVAL баргузор мешавад. Хабарнигорони Asiaplustj.info бо созмондиҳандагони ин чорабинӣ суҳбат карда, маълум карданд, ки меҳмононро чӣ сюрпризҳо интизоранд. Тафсилоти бештар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20220521/eto-leto-nachnetsya-yarko-muzikalnii-festival-v-samom-bolshom-akvaparke-tsentralnoi-azii
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омӯзиши ғайриоддӣ оид ба техникаи беназири расмкашӣ - «Эбру» баргузор мешавад. Ба ҳама хоҳишмандон омӯзгори ботаҷриба аз Туркия таълим медиҳад. Тафсилоти бештар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/life/culture/20220520/v-dushanbe-prohodit-trening-po-neobichnomu-vidu-izoiskusstva-ebru
Ташаккур ба шумо барои бо мо мондан!
Хайр!
P.S. Дастаро дастгирӣ кунед! Лайк монед, Qlever бозӣ кунед!
* Алуа Сатбекова дар тартиб додани дайҷест дар доираи таҷрибаи таълимӣ ёрӣ расонд