Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дайджест аз Думан Смаков: 14-21 сен. 2020

22.09.2020 • 07:02

Дӯсти азиз!

 Дар ин рӯзи зебои тирамоҳ  ба ин сомона хуш омадӣ!

Ман, Думан Смаков, сармуҳаррири вебсомонаи factcheck.kz мебошам. Мо, гурӯҳи лоиҳавии BRYCA фазои ВАО-ро дар Осиёи Марказӣ назорат мекунем ва ман ҳамчун роҳбари он ба ту мехоҳам даррав дар бораи навигариҳои асосии ҳафта нақл мекунам. Биё, ҳамроҳ бихонем! 

IT

Намояндагони чанд ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки қатъ шудани Интернет ба фаъолияти онҳо рабт надорад. 16 сентябр истифодабарандагони бешумори шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки шоми он рӯз  дастрасӣ ба интернет ҳадди аққал як соат баста шуда буд. Маълумоти бештар дар бораи бозиҳои блокнамоӣ: https://rus.ozodi.org/a/30843458.html

Дар Туркманистон бастани дастрасӣ ба интернет ва фишор овардан ба истифодабарандагони  VPN-ро идома дода истодаанд. Тавре хабарнигорон гузориш медиҳанд, мушкилоти истифодаи дастрасии бехатар ба Интернет тақрибан якуним моҳ қабл оғоз ёфтааст, аммо бо вуҷуди масдуд ва таъқиби истифодабарандагон, талабот ба VPN  рӯз аз рӯз меафзояд. Тафсилот: https://rus.azathabar.com/a/30839988.html

Дар Интернет бозиҳои нави марговар барои наврасон, ки махсус барои Қазоқистон мутобиқ карда шудаанд, пайдо шуда истодаанд. Тафсилот: https://tengrinews.kz/kazakhstan_news/poyavilas-novaya-smertelnaya-ugroza-dlya-kazahstanskih-detey-414625/ 

Сиёсат 

Дар рафти интихоботи президентӣ даҳ ҳазор ихтиёриён дар  тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Аз онҳо 250 нафар, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озодона гуфтугӯ мекунанд, ба нозирони байналмилалӣ кӯмак хоҳанд кард. Тафсилоти бештар: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200919/do-10-tis-volonterov-budut-uchastvovat-v-prezidentskih-viborah-tadzhikistana

Рӯзи 17 сентябр дар Донишгоҳи Ҳарвард 30- юмин ҷоизаи солонаи Шнобелӣ (Ig Nobel Prize) 2020 баргузор гардид – Ин ҷоизаи илмии ҳаҷвӣ барои муаллифони тадқиқотҳоест, ки тибқи оинномаи он "аввал ба табассум ва сипас ба фикр водор мекунанд" хабар медиҳад  Хадамоти русии Би-Би-Си. Президенти Туркманистон дар байни мукофотонидашудаҳо буд. Барои кадом хидматҳояш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҷоизаро гирифт, шумо метавонед инҷо хонед: https://www.bbc.com/russian/news-54199901

Экология

Кумитаи давлатии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист ва ҳукумати шаҳри Тошканд дар боғи “Болаҷон” дар наздикии Соати Бурҷ ва дар соҳили Бурҷар дар назди силсилаи шаршараҳо рӯбучини  умумиро ташкил ва баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ инчунин Экопартия ва шоирони Ӯзбекистон низ ширкат намуданд. Тафсилот дар бораи аксия: https://nuz.uz/obschestvo/1172358-v-tashkente-vpervye-otmetili-vsemirnyj-den-chistoty.html

Маориф

Дар Қирғизистон байни мактабҳо озмуни "Гӯшаи беҳтарини ВАО" оғоз ёфт. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати маориф ва илм хабар додааст. Тибқи ин хабар аз 20 сентябр то 25 октябри соли 2020 Фонди “Маркази Дастгирии ВАО” аз устодони мактабҳо аз тамоми Қирғизистон саҳифаҳоро дар Фейсбук, Инстаграм ё шабакаи Youtube (гӯшаҳои ВАО) барои барои иштирок дар озмун қабул хоҳад кард. Тафсилоти бештар:  https://24.kg/obschestvo/165805_vkyirgyizstane_startoval_konkurs_sredi_shkol_naluchshuyu_stranitsu_vsotssetyah/

Дар Қазоқистон платформаи ройгон барои таълими барномасозӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар сайти lrn.dev дарсҳо оид ба сохтани алгоритмҳое, ки барои коркарди сайтҳо, барномаҳо ва бозиҳо кӯмак мекунанд, ҷойгир карда шудаанд. Тафсилот: https://informburo.kz/novosti/v-kazahstane-zapustili-besplatnuyu-platformu-dlya-obucheniya-programmirovaniyu.html

Гурӯҳи ихтиёриён аз Қирғизистон курсҳои таълимии ҷаҳонӣ ва наворҳоро дар соҳаи STEM аз вебсомонаи Khan Academy ба забони қирғизӣ тарҷума мекунанд. Тафсилот: https://24.kg/obschestvo/165550_obrazovatelnyie_kursyi_sayta_Khan_Academy_teper_dostupnyi_nakyirgyizskom_yazyike/

Дар Қирғизистон лоиҳаи "Илимдеги киздар" - "Духтаракон дар илм" ба фаъолият оғоз кард. Дар доираи лоиҳа ба духтарони наврас барои гирифтани маълумот дар STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика) ва дархостнамоии ҷойҳои кори музднок кӯмак расонида мешавад. Ҷалб намудани  30 ҳазор духтарони синнашон аз 15 то 18 сола аз оилаҳои осебпазири иҷтимоӣ, деҳот, оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ аз биноҳои нав дар шаҳрҳои Бишкек ва Ош, инчунин вилояти Чуй дар назар аст. Тафсилоти бештар: https://24.kg/obschestvo/165376_vkyirgyizstane_zapustili_proekt_ilimdegi_kyizdar_devochki_vnauke/

Махкам карда шудани синфҳои забони русӣ, тафтиш дар мактабҳо, манъи муошират бо забони русӣ. Дар мактабҳои Туркманистон чӣ рух дода истодааст? Ҷавобро тавассути пайванди зерин пайдо намоед: https://rus.azathabar.com/a/30841400.html

Пандемия

Аз 1 октябри соли 2020 воридшавӣ  ва раҳсипоршавӣ ба хориҷи кишвар  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ иҷозат дода мешавад. Маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшуда бекор карда мешаванд. Тафсилот: https://nuz.uz/obschestvo/1172180-s-1-oktyabrya-razreshaetsya-vezd-vyezd-v-uzbekistan-na-vseh-vidah-transporta.html

Ташаккур, ки хабарҳоро то охир хондӣ! То ҳафтаи оянда!

P.S. Дастаро дастгирӣ кунед! Тугмачаи писандро пахш намо, дар Qlever бозӣ кун!

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.