Дӯсти азиз!
Ин ҳафта ман ба ту пешниҳод мекунам, ки дар бораи худ каме нақл кунӣ: ту бо чӣ кор машғул ҳастӣ, кадом мавзӯҳо барои ту шавқовар аст, чиро ташвишовар меҳисобӣ. Ба ин саволҳо ҷавоб деҳ ва ҷавобҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намо. Барои он, ки ман навиштаи туро зудтар пайдо кунам, гузоштани хештеги #qleverme-ро фаромӯш накун. Ҳафтаи оянда беҳтарин навишта дар дайҷести ман хоҳад буд. Барори кор!
Ҳангоме ки ту дар бораи ҷавоби саволҳои ман фикр мекунӣ, ман ба ту муҳимтарин хабарҳоро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нақл мекунам.
Маориф
Донишгоҳҳои Ӯзбекистон метавонанд ба қарибӣ ба шакли анъанавии таълим баргарданд. Чаро ҳукумати кишвар мехоҳад чунин тасмим бигирад аз ин ҷо пайдо кардан мумкин аст:https://nuz.uz/obschestvo/1175304-vuzy-mogut-vernutsya-k-tradiczionnoj-forme-obucheniya.html
Мактаби барномасозии Code Generation ва Фонди Ташаббусҳои Таълимӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 Олимпиадаи варзишии барномасозӣ ташкил мекунад. Дар олимпиада хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавонанд ширкат варзанд. Муфассалтар дар ин ҷо: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20201014/tadzhikskie-shkolniki-mogut-prinyat-uchastie-v-central-asian-programming-olympiad-2020
Инспексияи давлатии назорати сифати таълим фаъолияти 57 донишгоҳи Ӯзбекистонро дар якҷоягӣ бо филиалҳои онҳо тафтиш намуд ва рейтинги навбатии миллии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тартиб дод. Ба панҷгонаи беҳтарин Донишгоҳи Миллии Ӯзбекистон, Институти муҳандисони ирригатсиякунонӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқ дар Тошканд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд шомил шуданд. Маълумоти бештарро дар бораи ин рейтинг ин ҷо хонед: https://nuz.uz/sobytiya/1175336-sostavlen-naczionalnyj-rejting-vuzov-uzbekistana.html
Ҷамъият
Аз 20 октябр ба ноболиғони Қирғизистон ва Қазоқистон иҷозати гузаштани сарҳади давлатӣ танҳо бо шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дода мешавад. Маълумоти бештарро дар бораи қоидаи нави убури марз дар ин ҷо хонда метавонед: https://ru.sputnik.kg/society/20201015/1050073929/kyrgyzstan-kazahstan-granica-dokument-peresechenie.html
Дар Қазоқистон ракетаи Союз MS-17 ба кайҳон фиристода шуд. Ҳайати асосиро кайҳоннавардони Роскосмос Сергей Рижиков, Сергей Куд-Сверчков ва кайҳоннаварди NASA Кэтлин Рубинс ташкил медиҳанд. Маълумоти бештарро дар бораи ин парвоз аз ин ҷо бихонед: https://www.zakon.kz/5043949-kak-zapustili-soyuz-ms-17-s-kosmodroma.html
Пандемия
Дар рейтинги умумиҷаҳонии сатҳи соҳаи тандурустӣ, ки соли ҷорӣ аз тарафи бузургтарин пойгоҳи додаҳои ҷаҳонӣ Нумбео интишор карда шудааст, Қазоқистон дар байни 93 кишвар дар ҷои 53-юм қарор гирифт. Мувофиқи он Қазоқистон дар байни кишварҳои ИДМ нишондиҳандаи баландтарини сифати соҳаи тандурустиро доро мебошад. Нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон аз Беларус (ҷои 59-ум), Русия (ҷои 63-юм), Украина (ҷои 78-ум) ва Озарбойҷон (ҷои 91) баландтаранд. Тафсилотро дар ин бора дар пайванди зерин пайдо кардан мумкин аст: https://www.zakon.kz/5044162-kazahstan-imeet-samyy-vysokiy-indeks.html
Дар яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд COVID-19- ро дар марҳилаи ибтидоӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ ошкор хоҳанд кард. Тадқиқотро Маркази бунёди зеҳни сунъӣ tajrupt.ai мегузаронад. Ин иқдом чӣ тавр амалӣ хоҳад шуд? Муфассалтар дар ин ҷо хонед: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20201015/kak-tadzhikskii-student-iz-garvarda-pitaetsya-borotsya-s-pandemiei
Экология
Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо ва АКТЕД дар соҳаи сайёҳии сабз ба шукуфоии устувор дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Лоиҳаи нави инноватсионӣ ҳадафи ҷорӣ намудани энергияи тоза ва таҷрибаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар соҳаи сайёҳии босуръат ташаккулёбандаи Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон равона карда шудааст. Тафсилоти бештар: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20201016/initsiativa-es-i-akted-v-sfere-zelenogo-turizma-sposobstvuet-ustoichivomu-protsvetaniyu-tsentralnoi-azii
Ташаккур,ки бо мо ҳастӣ!
Ба ту як ҳафтаи пурсамар ва муваффақ таманно дорам!
Ман интизори навиштаҳои ту хоҳам буд ...
Хайр то ҳафтаи оянда!
P.S. Дастаро дастгирӣ кун! Тугмачаи писандро пахш намо, дар Qlever бозӣ кун!