- 19 сол боз пай дар пай, ҳар якшанбеи охири моҳи январ Рӯзи байналмилалии бе интернет ҷашн гирифта мешавад. Дар соли 2021, ид ба 31 январ рост омад. Ҳадафи асосии чорабинӣ ин аст, ки як рӯз одамонро аз Интернет комилан дур кунад.
- Disney дастрасӣ ба филмҳои “Дамбо”, «Питер Пэн», «Гурбаҳои ашроф» «Оилаи швейтсарӣ Робинзонҳо», бо сабаби стереотипҳои зараровар маҳдуд кардааст, хабар медиҳад TACC. Шумо метавонед филмҳоро аз суратҳисобҳои калонсолон тамошо карда метавонед, аммо дар аввали тамошо огоҳӣ дар бораи маводи номуносиб пайдо мешавад.
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, рассилка рафта истодааст ки он гӯё аз АЗС "Газпромнефть" бошад, пас аз гузаштан ба шабака, имконияти бурид кардани купон бо ҳаҷми муайяни сӯзишворӣ пайдомешавад. Ин рассилка фейк аст! Ширкати расмии АЗС "Газпромнефть" эълон кард, ки ин маълумот дурӯғ аст ва ба онҳо рабте надорад!
- Шабакаи байналмилалии тафтиши фактҳо IFCN (International Fact-Checking Network) дар Институти Пойнтер ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки IFCN аз рӯзи таъсисаш дар соли 2015 дар самти пешбурди стандартҳои баланди фактчек кор мекунад ва инчунин истифодаи маълумоти боэътимод ва саҳеҳро аз ҷониби ҳама васоити ахбори омма тарғиб мекунад.
- Google ва Facebook таҳдид карданд, ки хидматҳои худро дар Австралия қатъ мекунанд. Ҳукумати кишвар ба нақша гирифтааст, ки бузургони IT-ро муваззаф кунад, ки барои маводи худ ба расонаҳои маҳаллӣ пул пардохт кунанд. Facebook ва Google пардохт карданӣ нестанд. Google ваъда додааст, ки агар мақомоти ин кишвар қонунгузорӣ дар бораи пардохт барои мундариҷаи ширкатҳои хабариро қабул кунанд, системаи ҷустуҷӯии худро дар Австралия хомӯш мекунад. Чунин огоҳӣ аз Facebook низ омадааст - сухангӯи ширкат имкони масдуд кардани бахши хабарҳои шабакаи иҷтимоиро дар Австралия эълом кард. The Guardian