Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дайджест: Хабарҳои ҷолиби ҷаҳонӣ

08.10.2020 • 05:29
  • Дар боғи ҳайвоноти Линколншир, дар шарқи Англия, маъмурият маҷбур шуд, панҷ тӯтии хокистаррангро, ки дашном доданро омӯхта буданд ва меҳмононро бо як овоз бо суханони қабеҳ таҳқир мекарданд, муваққатан аз ҳам ҷудо кунад. Тӯтиҳо бо номи Билли, Эрик, Тайсон, Ҷейд ва Элси дар давоми як моҳи карантин дар якҷоягӣ зиндагӣ намуданд ва ба гуфтани суханони қабеҳ одат  карданд. Илова бар ин, онҳо ба ҳамдигар бадзабониро ёд доданд. "Дар аввал, дашномҳои онҳо моро ба ханда меовард, сипас онҳо худашон  хандиданро низ омӯхтанд ва баъд ин оғоз ёфт: яке дашном медиҳад, дигарон механданд, ин ӯро боз ҳам бештар иштиёқманд мекунад ... " - нашрияи маҳаллии Lincolnshire Live суханони мудири боғи ҳайвонот Николсро иқтибос меорад . 
  • Олимон дар Донишгоҳи Сидней муайян карданд, ки Twitter ботҳо дар паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оиди эмкунӣ бесамар ҳастанд. Омӯзиши миллионҳо твитҳо нишон дод, ки истифодабарандагони Twitter  маълумоти бардурӯғ оиди эмкуние, ки аз тарафи ботҳо офарида шудааст кам мебинанд ё ретвит мекунанд.
  • Муҳаққиқони Донишгоҳи Корнелл 38 миллион иттилоотро бо забони англисӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил карданд . Олимон муайян карданд ,ки 38% маълумоти бардурӯғи тафтишшуда дорои пайванд ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп мебошанд. Манбаъ: https://www.facebook.com/threedotsCA/posts/789210921904743
  • Ҷоизаи Нобел дар бахши физика барои соли 2020 барои омӯзиши сурохиҳои сиёҳ дода шуд. Рейнхард Генсел , Роҷер Пенроуз ва Андреа Гез барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физика дар 2020 шуданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 6 октябр кумитаи Академияи илмҳои шоҳигарии Шветсия хабар дод.
  • Олимон аз Донишгоҳи Корнелл  як микророботро офариданд, ки бо чор по “ҳаракат мекунад”. Барои сохтани артиши миллион нафараи  чунин роботҳо камтар аз як ҳафта лозим аст. Олимон умедворанд, ки ин гуна роботҳо дар оянда  дар соҳаи тиб татбиқ карда мешаванд ва ҳамчун асбоби ҷарроҳӣ истифода хоҳанд шуд. Манбаъ:  https://www.bbc.com/russian/media-54363255 

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.