- Санаи 28 сентябр дар платформаи Twitter хабари бардурӯғ, гӯё аз номи директори генералии беморхонаи хусусӣ дар Исроил " Herzliya Medical Center" Дэни Энгел дар бораи бемории раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пайдо шуд. Шаҳрдории Душанбе изҳороте пахш кард, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад. Таъкид мешавад, ки Рустами Эмомалӣ як мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ сафарҳои ӯ, бахусус сафарҳои хориҷӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳои дохиливу хориҷӣ мебошанд. Қобили зикр аст, ки саҳифае, ки дар он маълумот дар бораи бемории сиёсатмадори тоҷик пайдо шудааст, аз 23 сентябр фаъол аст ва саҳифаи воқеии директори генералии беморхонаи хусусии «Ҳерзлия Медикал Сентер » Дани Энгел, ки аз ҷониби ӯ барои мукотиба ва хабар истифода мешавад аз тарафи ин мутахассиси исроилӣ ба забони ибронӣ навишта мешавад. Муфассал: ASIA-Plus
- Консорсиуми Юникод қаблан хабар дода буд, ки то соли 2022 ягон эмоҷи нав эҷод нахоҳад шуд ва сабаби он пандемияи вируси корона мебошад. Аммо онҳо чанде пеш пайравони Инстаграмро бо маҷмӯи 217 эмодзие , ки ба стандарти 13.1 дохил карда мешаванд, хушнуду ҳайрон карданд. Ҳамагӣ ҳафт эмоҷии нав пешниҳод карда шуд. Боқимонда 210 эмоҷии дигар вариантҳои эмотиконҳои мавҷуда мебошанд, масалан дар баъзи онҳо ранги пӯст тағйир ёфтааст ва ғайра. Дар моҳҳои наздик , ин эмоҷиҳои нав дар дастгоҳҳои мо дастрас хоҳанд шуд.
- Дар ҷаҳон воқеаҳои хеле аҷибе рух медиҳанд. Маълум мешавад, ки дар байни ҳайвонот ва ҳатто хояндаҳо намудҳое ҳастанд , ки сазовори унвони қаҳрамон ва подошдиҳӣ ҳастанд. Мисоли ин як каламуши саперии африқоӣ мебошад, ки дар Камбоҷа даҳҳо мина пайдо кард ва барои он ӯ сазовори медали тиллоӣ гашт. Каламуш бо номи Магава , ки дар ҷустуҷӯи маводи тарканда омӯзонда шуда буд, то имрӯз дар ёфтани 39 дона мина ва 28 адад силоҳи нотаркида кӯмак кард . Қаблан, созмони бритониёии PDSA танҳо сагҳои саперро мукофотонида буд. Тафсилоти бештар: https://www.bbc.com/russian/news-54296102
- Google смартфони Pixel 5 -ро муаррифӣ кард, ки он қодир аст бо шабакаи 5G кор кунад . Google пешниҳоди Live Night In баргузор намуд , ки дар он навигариҳои асосиро нишон дод. Ширкат ду смартфони нав - Pixel 5 ва Pixel 4a 5g -ро муаррифӣ кард. Фармоишҳои пешакӣ барои Pixel 5 аллакай ба роҳ монда шудаанд, фурӯш аз 15 октябр сар мешавад. Google Pixel 5 дар ИМА бо нархи 699 доллар дастрас аст . Смартфони нисбатан буҷавӣ Pixel 4a 5g дар ИМА 499 доллар арзиш хоҳад дошт. Муфассал: РБК
- Ширкати Facebook , ки соҳиби шабакаи иҷтимоии Instagram мебошад,"директ"-и Инстаграмро бо Messenger пайваст кардааст . Акнун ҳамаи мукотибаҳоро дар як замима бе зеркашии замимаи дуввум пеш бурдан мумкин аст. Дар ин бора 30 сентябр дар блоги ширкат гузориш доданд.