Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дайджест: Рӯйдодҳои асосии Тоҷикистон ва ҷаҳон

17.09.2020 • 14:12
  • 16 сентябр дар саросари Тоҷикистон дар тӯли як соат интернет дастрас набуд. Сабабашро, ҳадди ақал, мувофиқи маълумоти расмӣ, касе намедонад. Дастрасӣ ба интернет  аз соати 19:40 то 20:50 имконнопазир буд. Дар саросари кишвар интернети мобилӣ, симӣ ё бесим кор намекард. Истифодабарандагон инчунин аз сифати пасти алоқа низ шикоят карданд. То ҳол ягон шарҳи расмӣ ва ё изҳороти сохторҳои марбута пешниҳод нашудааст. Муфассал:  Asia-Plus 
  • Ширкати ZET-MOBILE шумораи стансияҳои пойгоҳиро ба таври назаррас афзоиш дод ва чанд минтақаи дигари вилояти Хатлонро ба шабакаи 4G пайваст намуд. Дар доираи лоиҳаи рушди техникӣ, ширкати ZET-MOBILE густариши шабакаи худро дар саросари кишвар идома дода истодааст ва ҳоло 4G-Интернет барои муштариён дар 14 ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Хатлон дастрас аст. Муфассал: Asia-Plus   
  • Шабакаи иҷтимоии Twitter қоидаҳои наверо ҷорӣ мекунад, ки ба мубориза бо дезинформация дар давраи интихобот нигаронида шудаанд. Аз имрӯз оғоз намуда, платформа твитҳоеро, ки оиди натиҷаҳои қалбакӣ ё пешакии марбут ба интихоботи дар пеш истода ҳастанд, тамғагузорӣ хоҳад намуд ё комилан нест хоҳад кард. Ин намуди твитҳо ба гурӯҳи эҳтимолан зараровар дохил карда шудаанд.   
  • Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттереш ба мубориза бо маълумоти бардурӯғ дар бораи ваксина аз COVID-19 даъват кард. “Дар рӯ ба рӯи  ин бемории марговар, мо бояд тамоми кўшишҳоямонро ба харҷ диҳем, ки ин дезинформатсияи марговарро боздорем” даъват кард Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти матбуоть, шоми чоршанбе, 16-уми сентябр . Муфассал : DW.COM

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.