Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

3D ҳайвонотҳо дар Google

02.11.2020 • 08:39

Бо истифода аз Гугл дар хонаи худ енот ва ҳатто палангро маскун кардан мумкин аст. Бале, ҳоло танҳо дар шакли 3D, аммо ба ҳар ҳол, ин хеле дилошӯб аст.

Ҳанӯз дар соли 2019 дар ин конфронс, Гугл эълон кард, ки нақша дорад ба системаи ҷустуҷӯ моделҳои махсуси воқеияти такмилдодашударо  илова кунад. Дар давоми ин сол Гугл тавонист  якчанд объектҳои ҷолиби 3D-ро илова намояд, ки бевосита аз саҳифаи ҷустуҷӯ дар iPhone / iPad / Android дидан мумкин аст. Дар байни ин объектҳо  ҳайвонҳои 3D будаанд. Функсия имкон медиҳад, ки истифодабарандагон сагҳо ва гурбаҳои муқаррарӣ ва еноти дилҷӯеро илова намоянд, барои дӯстдорони ғароибот ҳайвонҳои нодир низ мавҷуданд.

Барои дидани модел дар 3D, бояд замимаи Гуглро дар смартфони худ насб кард. Пас дар сатри ҷустуҷӯ бояд номи ҳайвони ваҳшӣ ё хонагиро бо забонҳои англисӣ ё русӣ ворид кард. Дар экран тавсиф бо тугмачаи "Тамошокунӣ дар 3D" пайдо мешавад.

Баъзе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф карданд, ки аз мавҷудияти моделҳои 3D бехабар буданд. Аммо, пас аз ин кашфиёти ғайричашмдошт, ҳаёти муқаррарии ҳаррӯза барои онҳо ранги нав гирифт.

Сарчашма: https://medialeaks.ru/2207tat-google-animals/

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.