Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

24 октябр - имрӯз кадом ид ҷашн гирифта мешавад

24.10.2020 • 08:39

Ҷаҳон имрӯз Рӯзи Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирад, ин ид  қисми Ҳафтаи Созмони Милали Муттаҳид аст, ки аз 20 то 26 октябр баргузор карда мешавад. Инчунин, 24 октябр Рӯзи ҷаҳонии иттилоот оиди рушд аст 

24 октябри соли 1945, пас аз он ки аксари давлатҳои асосгузор созишномаи таъсиси як мақомоти умумиҷаҳониро ба тасвиб расонданд, Созмони Милали Муттаҳид расман таъсис дода шуд. Дар соли 1971, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарордод қабул кард, ки дар он ба давлатҳои аъзо тавсия дода мешавад, ки ин рӯзро ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гиранд.

Мувофиқи анъана, дар Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид дар толори Ассамблеяи Генералӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад. Баъзан чорабиниҳои махсусе (бале- бале, зиёфатҳо) баргузор мешаванд, ки дар онҳо Созмони Милали Муттаҳид бо шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон ба таври электронӣ иртибот мегирад .

Соли 1972 Ассамблеяи СММ қарор кард, ки дар ин рӯз боз ду чорабинии дигар - Рӯзи ҷаҳонии иттилоот оид ба рушд ва Ҳафтаи халъи силоҳро ҷашн гирад.

Рӯзи ҷаҳонии иттилоот оид ба рушд барои ба ҷомеа расонидани маълумот оид ба рушд ва ҷалб кардани диққат ба зарурати таҳкими муносибатҳои байни давлатҳо бо мақсади ҳалли якҷояи  масъалаҳои рушд лозим  аст.

Ҳафтаи халъи силоҳ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол аз 24 то 30 октябр баргузор мешавад. Мавзӯи умумии Ҳафтаро гуфтаи зерин ифода мекунад: «Ноил шудан ба сулҳ ва амният тавассути халъи силоҳ».

Манбаъ: https://redpost.com.ua/1001446/1001449/1226999.html

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.