Охири моҳи майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вазорат намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли 3D ҷой карда шуд.
Аз шумораи умумии 224 адад китоби электронии шакли 3D 166 ададашро китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 ва 58 адади дигарро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд.
Ба ин китобҳо метавон тариқи зерсаҳифаи «Китобҳои элекронӣ дар шакли 3D»-и саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм (www.maorif.tj) низ дастрасӣ пайдо кард.
То ворид карда шудани китобҳои электронӣ дар шакли 3D дар саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм танҳо 225 адад номгӯйи китоб дар шакли PDF дастраси истифодабарандагон буд. Бартарии шакли 3D-и китобҳо дар он аст, ки истифодабарандагон метавонанд ин китобҳоро мисли барномаҳои махсуси дастгоҳҳои андроидӣ дар телефону планшетҳо истифода намоянд.
Ин иқдом дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт ва шумори китобҳои электронӣ дар сомонаи вазорат дар шакли барномаҳои андроидӣ бештар хоҳанд шуд.