Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Оҳанги сухани нафратангез

21.09.2020 • 06:03

Биёед муайян намоем, ки аз ҷиҳати оҳангнокӣ суханони нафратангез (хейтспич) кадом намудҳо дорад. Сухани нафратангез якчанд таснифот дорад. Яке аз онҳо аз ҷониби тадқиқотчӣ, рӯзноманигор ва публитсисти рус А.М.Верховский пешниҳод карда шуда аст:   

- "Сухани нафратангез" -и дағал - ин даъватҳои мустақим ва кушод ба хушунат ва табъиз аст. Дар баъзе ҳолатҳо бо ин мақсад шиорҳои умумӣ истифода мешаванд ва баъзан, ин даъватҳои пардапӯш ба хушунат ва табъиз мебошанд. Мо дар ин ҷо мисоле намеорем, зеро ҳатто иқтибоснамоӣ ҳам метавонад боиси кашида шудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.

Шакли миёнаи "сухани нафратангез" дар ВАО, дар шарҳҳо, дар постҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва инчунин дар баъзе саҳифаҳои расмии мақомоти давлатӣ пайдо шудааст. Масалан, дар сайти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд аксҳои ронандагони вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва инчунин ашхосе, ки ба таври пулакӣ хидматҳои шаҳвонӣ мерасонанд, нашр шудааст. Намунаи дигари шакли миёнаи сухани нафратангез ин сарлавҳа дар ВАО аст, "Мақомоти Чин метавонанд аз амалҳои аз нав тарбиякунии фоҳишаҳо даст кашанд". Шакли миёна инҳоро дар бар мегирад:

● асосноккунии ҳодисаҳои таърихии зӯроварӣ ва табъиз;      

● нашрияҳо ва изҳоротҳое, ки далелҳои умумиэътирофшудаи таърихии зӯроварӣ ва табъизро зери шубҳа қарор медиҳанд;      

● иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои таърихии ин ё он гурӯҳи этникӣ ё динии мушаххас;      

● иттиҳомот дар бораи ҷинояткории ин ё он гурӯҳи муайяни этникӣ ё динӣ;      

● мулоҳизаронӣ дар бораи бартарии номутаносиби ин ё он гурӯҳи муайяни этникӣ ё динӣ;      

● айбдор кардан дар расонидани таъсири манфии ин ё он гурӯҳи этникӣ ё динӣ ба ҷомеа, давлат;      

● муттаҳам кардани гурӯҳе ба кӯшиши ба даст овардани қудрат ё тавсеаи қаламрави давлат;      

● Эътироф накардани шаҳрвандӣ.      

Шакли сабук ё мулоими "сухани нафратангез" одатан дар заминаи стереотипҳо асос меёбад. Масалан, мавзӯи одамони дорои маъюбият одатан дар заминаи стереотипҳо асос ёфтааст ва дар натиҷа, тимсоли намояндаи ақибмондаи иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст, ки ҳамеша ниёзманд ва бемор аст, ӯ доимо заиф, оҷиз ва барои ҷамъият бефоида аст ва аз ин рӯ, барои ҷомеа бори барзиёдатӣ аст. Шакли сабуки "сухани нафратангез" инҳоро дар бар мегирад: 

● тасвири манфии гурӯҳи этникӣ, динӣ ё гурӯҳи дигари одамон;      

● изҳорот дар бораи нокомил будани ягон гурӯҳи мушаххас;      

● изҳорот дар бораи нуқсонҳои ахлоқии шахс ё гурӯҳи одамон;      

● зикри ягон гурӯҳи этникӣ ё динӣ ё намояндагони он дар заминаи таҳқиромез ё нанговар;      

● иқтибос овардани изҳорот ва матнҳои бидуни шарҳ, ки табиати бегонаситезӣ(ксенофобия) дорад.      

 Ҳамин тариқ, ҳар як амали дар боло номбаршуда сухани нафратангез аст ва тибқи қонун ҷиноят ҳисобида мешавад.

Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода карда шудааст. 

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.