Ҷустуҷӯи хатти сарҳад байни сухани нафратангез ва озодии баён на ҳамеша осон аст. Қонунҳои байналмилалӣ ҳуқуқи озодии баёнро ҳимоя мекунанд. “Ҳар кас ба озодии баён ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ намудан, гирифтан ва паҳн кардани ҳама гуна иттилоот ва ғояҳоро, новобаста аз ҳудудҳои давлатӣ, дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ё тариқи нашрияҳо ё шаклҳои бадеӣ ё бо тариқи дигари интихобшуда дар бар мегирад." Ба ибораи дигар, мо ҳақ дорем бо дигарон розӣ набошем ва пойдории ин ҳуқуқ барои ҳар як кишвари демократӣ ҳатмист.
Пас сарҳад дар куҷост? Биёед кӯшиш кунем инро мушаххас намоем. Агар шахсе мегӯяд, ки ӯ хӯроки миллии кишвари ҳамсояро бад мебинад – ин сухани нафратангез НЕСТ. Ин танҳо фикри шахсии он одам аст. Аммо, агар касе гӯяд, ки ман аз ин ё он таоми миллӣ нафрат дорам ва стереотипҳои таҳқиромезро нисбати ин миллат истифода барад ва зарар расонданро ба онҳо пешниҳод намояд, ин сухани нафратангез аст. Оё шумо тафовутро ҳис мекунед? Таърифи сухани нафратангез чист?
Сухани нафратангез ин ифодаи адоват, паст намудани шаъну шараф ва таҳқир нисбати як гурӯҳи муайяни одамон дар асоси хусусиятҳои ҷинсӣ, нажодӣ, динӣ, иҷтимоӣ, табақавӣ, фарҳангӣ, миллат ва ғайра мебошад. Дар ин ҳолат, меъёр ин мавҷудияти фарзияҳои ҷоннок аст, ки каломи адоват тавлидкунанда боиси зӯроварӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунӣ мегардад.
Агар судҳо муайян кунанд, ки таҳдиди бевосита ба шахси дигар ё таҳрик кардан ба хушунат нисбати дигар шахс ҷой доштааст, чунин изҳорот тибқи қонун ҷазо дода мешаванд. Барои ин, суд экспертизаи психологӣ ва филологиро таъин мекунад, гарчанде ки дар амал аксар вақт фикри равоншиносон ва сиёсатшиносон (на забоншиносон) ба назар гирифта мешавад.
Ҳамин тариқ, шумо бояд омода бошед, ки барои изҳори озодонаи фикрҳоятон ҷавобгар ҳастед ва агар шумо намехоҳед ҷазоии воқеӣ гиред, қонунро вайрон накунед.
Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода карда шудааст.
Манбаъҳо:
1. EdEra, Very Verified: Курси саводнокии расонаии онлайн https://www.youtube.com/watch?v=g6tUptlLE2k&list=RDCMUCBJx3fpN2SY9W9zY3e2R1RA&start_radio=1&t=0
2. С. Сулайманова Д. Османова «Язык вражды в СМИ: Гендерное измерение: дастур Тошканд.: Bactria press. 2020/ - 126c. https://factcheck.kz/socium/statya-174-uk-rk-mozhno-li-popast-pod-sud-za-kommentarij-v-socsetyax/