Аз оғози ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ва карантин шумораи хабарҳои қалбакӣ ва маълумоти бардурӯғ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст. Сохторҳои давлатӣ барои муайян кардани одамоне, ки бо паҳн кардани овозаҳо ва иттилооти қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо дар пасманзари вазъ бо COVID-19 машғуланд, кор бурдаанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо онҳо корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд, ки пас аз он ин одамон аз кардаашон афсӯс хӯрда, аз мардум ба воситаи наворҳо бахшиш мепурсанд.
Дар Ӯзбекистон барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи паҳншавии бемориҳои сироятие, ки барои одамон хатарнок аст, ҷарима ба маблағи то 44,6 миллион сӯм, корҳои ҷамъиятӣ аз 300 то 360 соат ё корҳои ислоҳӣ то 2 сол таҳдид мекунад. Агар фейкҳо дар шакли чопӣ ё ба воситаи расонаҳо паҳн карда шуда бошанд, ҷазо сахттар мешавад - аз 44,6 миллион то 89,2 миллион сӯм (аз 4000 то 8000 евро), аз 300 то 360 соати корҳои ҷамъиятӣ, аз 2 то 3 соли корҳои ислоҳӣ ё маҳдудият/маҳрум шудан аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол мутобиқи моддаи 244 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ карда шудааст.
Дар Қазоқистон моддаи 274 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ мекунад, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки хавфи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад ё зарари ҷиддӣ ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё созмонҳо ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат дорад, аз 2 778 000 то 13 890 000 тенге (аз 6 000 то 30 600 евро) ҷарима пешбинӣ шудааст, корҳои ислоҳӣ ба ҳамон андоза, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба муддати то 1200 соат ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 7 сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат, вобаста аз он , ки ҷиноят аз тарафи кӣ ва чӣ тавр содир шудааст - аз ҷониби як шахс, гурӯҳи шахсон, гурӯҳи ҷиноятӣ ё бо розигии пешакӣ. Ба ғайр аз ин, дар вазъияти фавқулодда ҷазо барои чунин амал ҳадди аксар аст - маҳдудият ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол.
Дар Қирғизистон барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, мутобиқи моддаи 344 "Маълумоти бардурӯғ дар бораи содир кардани ҷиноят" Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Тибқи ин модда корҳои ислоҳӣ аз 2 то 2,5 сол, ҷарима аз 180 ҳазор то 220 ҳазор сом (аз 2200 то 2700) евро) ё маҳрум шудан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2,5 сол пешбинӣ шудааст.
Аммо, тибқи таҳлили ҳуқуқшиносони клиникаи ҳуқуқии Adilet, қонуни ҷиноӣ барои паҳн кардани маълумоти қалбакӣ масъулиятро мустақиман пешбинӣ намекунад. Барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсе, ки барои чунин амалҳо мутобиқи ин модда, бояд маълумоти бардурӯғ дар бораи ягон шахси мушаххас ё шахси гумонбар дар содир кардани ҷиноят дода шавад; маълумотдиҳанда бояд нияти бад дошта бошад, яъне он шахс бояд итминон ҳосил кунад, ки маълумоти бардурӯғ додааст; хабар, айнан, оиди ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ- ҷиноят, ки аз ҷониби шахси дигар содир шудааст, бошад на оиди дигар амалҳои ғайриқонунӣ.
Дар Тоҷикистон, 4 июли соли 2020, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд. Тибқи тағйироти тасвибшуда (моддаи 374), барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути ВАО дар бораи пандемия - аз 580 сомонӣ (аз 50 евро) ё ҳабси маъмурӣ ба муддати 10-15 рӯз нисбати шахсони алоҳида ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ (аз 985 евро) ҷарима нисбати шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ карда шудааст. Илова бар ин, дар Тоҷикистон қонуне вуҷуд дорад, ки он на ба тарзи бевосита барои мубориза бо фейкҳо (маълумоти бардурӯғ) нигаронида шуда аст, аммо ба монанди Қирғизистон, дар ин ҳолат метавон татбиқ кард. Моддаи 346 "Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ" -и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷарима ба андозаи аз 29 ҳазор то 58 ҳазор сомонӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар вобаста бо айбдор кардан дар ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ,бо мақсади ғаразнок ё ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шудааст, бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Агар чунин амалҳо нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё шахси анҷомдиҳандаи таҳқиқи ибтидоӣ содир шуда бошанд ё оқибатҳои вазнин дошта бошанд, онҳо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 7 сол ҷазо дода мешаванд.
Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.