Пас аз зеркашии замима, шумо бояд дар он сабти ном кунед, ки он якчанд қадамҳои оддиро дар бар мегирад:
• Нишон додани кишвари истиқомат;
• Интихоби нуқтаи сабти ном дар замима;
• Пур кардани саволнома бо саволҳои маъмулӣ, ба монанди: ном, насаб, ҷинс, синну сол ва шаҳри истиқомат;
• Ворид намудани рақами телефонии худ ва эҷоди гузарвожа. Дар вақти эҷоди гузарвожа бояд ба назар гирифт, ки он аз ҳарфҳои лотинӣ иборат буда, ҳадди ақал як ҳарфи калон ва як рақамро дар бар гирад;
SMS-огоҳиро дар телефони худ интизор шуда рамзи фиристодашударо ворид намамоед, то профили худро барои санҷиш фиристодан имконпазир гардад. Пас аз ворид кардани гузарвожа, сабти номи шумо барои санҷиш фиристода мешавад;
• Сипас, шумо бояд ба анҷом расидани тафтиши ҳисоби худро мунтазир шавед. Ин барои он лозим аст, маъмур шахси воқеӣ будани шуморо тафтиш кунад. Ин марҳила одатан якчанд соат давом мекунад. Пас аз тасдиқи ҳисобатон, шумо метавонед ҳамаи функсияҳои платформаи Qlever -ро истифода баред.