Хабарҳои сохта ҳамчун падида таърихи тӯлонӣ дорад. Агар қаблан овозаҳо дар сатҳи гуфтугӯҳо дар ошхона паҳн мешуданд, имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ барои шахсоне, ки бо сохтакори машғуланд заминаи мусоид ба шумор мераванд (Шулембаева, 2017).
Якчанд аҳкоми махфии шахсоне, ки бо сохтакори машғуланд мавҷудаст:
- Ҳақиқат он қадар муҳим нест, агар таъсир воқеӣ бошад;
- Одатҳои одамонро ба автоматизм ва стереотипҳо истифода баред;
- Ноаён сохтакориро ба хабарҳои иттилоотӣ дохил кунед (аз касофати як шум сӯзад шаҳри Рум) (Корнев, 2016)
Шахсоне, ки бо сохтакори машғуланд аксар вақт сарлавҳаҳои ҷолиб ё ҳикояҳои тамоман сохтаро барои зиёд намудани хонандагон ва иқтибооварӣ истифода мебаранд. Дар ин ҳолат, фоида ба усули шабеҳи кликбейтинг (Кликбейтинг ин як усули эҷоди сарлавҳаҳоест, ки ҳадафи иттилоъ додани хонандагон нестанд, балки ҷалб кардани диққати онҳо ва ҳавасманд кардани онҳо барои пахш кардан) ташаккул меёбад ва даромад аз таблиғотест, ки новобаста аз саҳеҳнокии маводи интишоршуда ба даст оварда мешавад (wikipedia, 2020).
Шумо дар бораи Македония, як кишвари хурди Балкан бо шумораи беш аз 2 миллион нафар одамон, чӣ медонед? Ба наздикӣ ин минтақа бо он далел машҳур гашт, ки маҳз он ҷо рӯзноманигорон бузургтарин корхонаи хабарҳои сохтаро дар дунё кашф карданд (Настоящее время, 2017)!
Эҷодкори машҳури хабарҳои сохта Майл Грнкаров дар бораи содда сохтани эҷоди маълумоти сохта ва душвории фош кардани он сӯҳбат мекунад: «Бисёр хабарҳои сохта аз ҷониби одамони оддӣ навишта шудаанд. Онҳо дар назди компютерҳои худ нишаста, формулаи соддаро меомӯзанд: сарлавҳаи ҷанҷолӣ ва иттилооти бардурӯғ ба фоида баробар аст. Як чиз яқин аст: сохтан ва паҳн кардани хабари бардурӯғ нисбат ба ошкор ва фош кардан осонтар аст. "
Майл Грнкаров дар 13-солагиаш ба истифодаи хабарҳои сохта шурӯъ кард. Ҳамчун донишҷӯи ихтисоси “Сиёсатшиносӣ ва идоракунии соҳибкорӣ” Майл дар интихоботи муҳими ҷаҳонӣ дар маркази диққат қарор дошт. Ӯ муваффақияти молиявии худро бо соддагии эҷоди хабарҳои сохта шарҳ медиҳад (Настоящее время, 2017).
Манбаъҳои истифодашуда:
Википедия. (30 июни соли 2020). Хабарҳои сохта. Санаи 24 июли соли 2020 аз Википедия гирифта шудааст: https://ru.wikipedia.org/wiki/Fake_News
Корнев, М. (18 июни соли 2016). Хати истифодаи бехатари ВАО. Мосты-2016.
Настоящее время. (22 октябри 2017). Сохтакории Македонӣ. Наврасони Балкан истеҳсоли хабарҳои сохтаро ба як сарчашмаи маъмули даромад табдил доданд. 24 июли соли 2020 Настоящее время гирифта шудааст: https://www.currenttime.tv/a/28806010.html
Шулембоева, Р. (7 ноябри 2017). Чӣ тавр сохтакориро фаҳмидан мумкин аст. Санаи 24 июли соли 2020, аз Казахстанская правда гирифта шудааст: https://www.kazpravda.kz/fresh/view/kak-raspoznat-feik
Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.