Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Чаро сохтакориҳо (фейк) оиди  ҳайвонот хатарноканд

04.08.2020 • 19:06

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар давраи пандемияи Ковид-19 бархӯрди байни фаъолони ҳуқуқи ҳайвонот ва "зоотехникҳо" ба назар мерасад. Дар баробари хабарҳои сохта, ки ҳайвоноти хонагӣ паҳнкунандаи Ковид-19 ҳастанд, гузоришҳо буданд, ки соҳибони ҳайвонот, хусусан гурбаҳо, нисбат ба дигарон аз Covid-19 эминтаранд. Ҳарду намуди хабарҳои сохта хатарнок аст.

Якум фейк боиси хашмгинӣ нисбати ҳайвонот мегардад, дуюм фейк метавонад ба он оварда расонад, ки соҳибони ҳайвонҳо ба бехатарии худ боварӣ кунанд ва талаботҳои карантиниро вайрон мекунанд. Дар Ӯзбекистон шумораи ҳайвоноти бехона аз оғози пандемия хеле афзуд. Ин бо сабаби паҳн шудани хабарҳои сохта (фейкҳо) рух додааст, ки гуё ҳайвонҳо дар паҳнкунии COVID-19 иштирок мекунад. Саршумори ҳайвоноти бехона пас аз он ки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ба фиристодани Паёмҳои SMS, оиди он, ки ҳайвонҳои хонагиро бояд бо дастпӯшак  ламс кунанд, боз ҳам бештар гардид. Баъдтар масъулини соҳаи тандурустӣ шарҳ доданд, ки "паёмнависӣ тавсия барои риояи қатъии қоидаҳои гигиенаи шахсист", ки бевосита ба пандемияи коронавирус алоқаманд нест. фиуторГоҳ оимтезаҳқр “Манбаи табиие, ки коронавирус паҳн мекунад, кӯршапарак мебошад. Навъҳои кӯршапарак, ки коронавирус паҳн мекунанд, дар минтақаи мо зиндагӣ намекунанд.”  -баъдтар Алматов тавсияҳои худро шарҳ дод.

Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.

 

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.