Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Маълумот бардурӯғ ё маълумоти нодуруст? Фарқият дар чист?

04.08.2020 • 19:42

Бисер вақт ин ду истилоҳро фарқ намекунанд. Биёед инро бифаҳмем!

Маълумот бардурӯғ (англисӣ desinformation) ин  як маълумоти бардуруғ махсус таҳия ва интишоршуда мебошад. Дар робита ба пандемияи коронавирус дар Whatsapp иттилооти тасдиқнашуда паҳн карда мешавад. Масалан, хабарҳо дар бораи безараргардонии шаҳрҳо аз чархболҳо дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври фаъол фиристода мешуданд, як мисоли безараргардонӣ мебошад, ки бо мақсади паҳн кардани воҳима эҷод шудааст.

Вақте ки истифодабарандагони тасодуфӣ ба ин паём бовар карданд ва онро ба хешовандон расонданд, ин аллакай маълумоти нодуруст аст. Маълумоти нодуруст  (англисӣ misinformation) ин инчунин маълумоти бардурӯғ аст, аммо бе мақсади гумроҳ кардан, паҳн кардани ваҳм ва ғайра паҳн карда мешавад. Маълумоти нодуруст  метавонад ба осонӣ ба маълумоти бардурӯғ табдил ёбад. (Factcheck.kz, 2019)

Аксар вақт, ҳолатҳои бӯҳронӣ маълумоти бардуруӯро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин тариқ, ба гуфти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ, 2020), эпидемияи коронавирус бо «инфодемия» ҳамроҳӣ мекард. Яъне, миқдори зиёди маълумоти боэътимод ва бардурӯғ мавҷуд аст, ки дар байни онҳо муайян кардани ҳақиқат ва дурӯғ дар куҷост мушкил аст. Масалан, намунаи барҷастаи маълумоти бардурӯғ оид ба коронавирус, ки дар гузориши Департаменти стратегӣ ва таҳлили иттилоотии Иттиҳоди Аврупо (EEAS SCIAD, 2020) инъикос ёфтааст. Аз ҳама маъмултарин ин аст, ки коронавирус силоҳи биологӣ мебошад, ки аз ҷониби Чин, ИМА, Бритониё ё ҳатто Русия истифода мешавад (барои нест кардани ИА ва НАТО); ки эпидемия аз ҷониби муҳоҷирон рух додааст ё ин ки коронавирус фиреб аст. Ҳамеша маълумотро тафтиш кунед!

Манбаъҳои истифодашуда:

Шӯъбаи стратегии таҳлили иттилоотӣ EEAS, соли 2020. Таҷдиди гузориши махсуси EEAS: арзёбии кӯтоҳ дар бораи пандемияи COVID-19 / Коронавирус (Навигарӣ 2-22 апрел). 28 июли соли 2020 гирифта шудааст, дар ин ҷо дастрас аст: https://euvsdisinfo.eu/eeas-special-report-update-2-22-april/

Factcheck.kz, 2019. Луғати тафтиши воқеият 28 июли соли 2020 аз https://factcheck.kz/glavnoe/slovar-faktchekera/ гирифта шудааст

Созмони Ҷаҳонии Тандурусти. (2020). Идоракунии инфодемикӣ: ҷузъи калиди вокуниши глобалии COVID-19. Сабти ҳарҳафтаинаи эпидемиологӣ, 95 (16), 145 - 148

Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.