Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Тафсилот нишон медиҳад: чӣ тавр муайян кард, ки акс аз ҷониби зеҳни маснуъӣ сохта шудааст

15.03.2024 • 05:51

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасвирҳоеро зиёдеро дидан мумкин, ки аз ҷониби барномаҳои махсус, амсоли Midjourney сохта шудаанд. Баъзеи онҳо ба аксҳои воқеӣ хеле монанданд ва онҳоро бо мушкилӣ фарқ кардан мумкин. Масалан, акси собиқ президенти ИМА Доналд Трамп, ки гӯиё дар кӯчаҳои Ню-Йорк боздошт шудааст, ё акси сайру гашти Попи Франсис бо  “пуховики” зебои сафед, ки таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб мекунад. Ин аскҳои рақамӣ мисли аксҳои воқеӣ беҳтар ва воқеитар мешаванд.


Дар навиштаҳои қаблӣ мо аллакай дар бораи якчанд роҳи ошкор кардани тасвирҳои шабакаҳои нейронӣ навишта будем (нигар ба мақолаҳои "Аксҳои қалбакӣ чистанду чӣ гуна онҳоро аз суратҳои аслӣ фарқ кард" ва "Истифодаи Google Images ва/ё TinEye  барои тафтиши аксҳои қалбакӣ). Ин ҷо мо боз чанд сирри дигарро оиди муайян кардани тасвирҳои аслӣ ва қалбакӣ хоҳем гуфт.


Барои фаҳмидани он, ки оё тасвир тавассути зеҳни маснуъӣ (ЗМ) сохта шудааст, бояд ба он бодиққат нигоҳ карда, дар муайян кардани ҷузъиёти хурд диққат дод. Масалан, ба дастҳо бодиққат нигоҳ намо. На ҳама барномаҳои ЗМ метавонанд дастҳои инсонро ба таври комил тасвир кунанд, аз ин рӯ боварӣ ҳосил бикунд, ки дастҳои дар аксбуда ҳамаи панҷ ангуштро доранд ва атрофи он равшании табиӣ дорад. Агар дар расм нафаре ягон ашёро дошта истад, боварӣ ҳосил намо, ки он воқеӣ аст. Агар худат кӯшиш намоӣ, ки дар ҳамин усул биистӣ, оё он ашё ҳамон тавр меистад, ё меафтад?


Инчунин, дар акс ба чашмҳо диққат деҳ. Хусусан, агар қаҳрамони акс айнакпӯш бошад. Баъзе қисмҳои айнак "ба таври сеҳрнок" нопадид мешаванд - ЗМ на ҳамеша онҳоро пурра инъикос карда метавонад. Нигоҳ бикун, ки оё аз линзаҳо соя вуҷуд дорад, оё чашмҳо якранганд, ё ягон фарқияте вуҷуд дорад. Тафсилот баъзан кори зеҳни сунъиро ошкор мекунад.


Агар чеҳраи дар аксбуда табиӣ ба назар расад, ин нишонаи хуб аст, аммо ҳамоно ҳам сад дарсад гуфтан ғайриимкон аст, ки тасвир тавассути зеҳни маснуъӣ офарида нашудааст.
Инчунин ба гӯшҳо, дандонҳо ва мӯйҳо, пӯст, риш ва мӯйлаб диққат бидеҳ. Санҷида бин, ки оё гӯшҳо ғайриоддӣ, ассимметрӣ ё сохтори ғайримуқаррӣ надоранд. Дандонҳо метавонанд шакли номунтазам ё ғайритабиӣ дошта бошанд. Мӯйҳо мисле, ки онҳоро бо муқалам кашидаанд ба назар мерасанд ва шакли онҳо метавонад ба абрӯҳо мувофиқат накунад. Ҳамаи ин тафсилоти хурд метавонанд дар муайян кардани он ки акс аслӣ аст ё сохташуда, кӯмак кунанд. 


Баъзан ЗМ манзараи пуштро хеле норавшан тасвир мекунад, хусусан агар дар замина навиштаҷоте вуҷуд дошта бошад, ба ҷои тасвири саҳеҳ баъзан хатҳои нохондашаванда дида мешаванд.


Бо ҳар роҳ фиреб додан имконпазир аст, аммо ҳадаф ҳамеша якест - таъсир расонидан ба эҳсосот, на ақли мо.


Дар хотир бояд дошт, ки хадамоти зеҳни маснуъӣ низ пайваста такмил меёбанд ва пайдо кардани акси тавлидкардаи ЗМ хеле душвор шуда истодааст, ё баъзан ғайриимкон. Агар мехоҳӣ, ки дар фарқ кардани аксҳои тавлидшуда аз аксҳои воқеӣ машқ бикунӣ, аз махзани which faces real истифода намо. 
Сарчашма: https://msavod.uz/

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.