Чанде қабл дар Интернет падидаи нав пайдо шуд – диффейк (deepfake), мундариҷаи қалбакӣ бо гузоштани чеҳраҳо ва овозҳои одамони машҳур ба маводи видеоии мундариҷаи гуногун бо истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ. Биёед дар бораи чӣ будани Deepfake сӯҳбат кунем? (Панасенко, 2020)
Deepfake аз ҷониби донишҷӯи Донишгоҳи Стэнфорд Ян Гудфелло дар соли 2014 барои таҳиягарони зеҳни сунъӣ сохта шудааст. Аммо технология зуд аз доираи хурди олимон берун шуд. Ҳоло он дар фарҳанги маъмул истифода мешавад: аз меъморӣ то журналистика. (iSpring, 2021)
Deepfake (аз анг. deep learning «омӯзиши амиқ» — ва fake —«қалбакӣ») дастакори воқеии маводи аудио ва видео бо истифодаи зеҳни сунъӣ. Ин технология одамро водор мекунад, ки чизи сухан накардаро гӯяд ва кореро анҷом диҳад, ки ҳеҷ гоҳ накардааст. Технологияи Deepfake ба солҳои навадуми рост меояд. Он замон танҳо мутахассисони эффектҳои махсус дар соҳаи кино чунин асбобҳоро доштанд. Баъдан, технология дар ҷомеаи Интернет такмил дода шуд ва нармафзор барои сохтани дипфейк дастраси омма гардид. Вақтҳои охир, технологияи Deepfake бо сабаби истифодаи он аз тарафи қаллобон, дар конкусрҳо ва хабарҳои қалбакӣ (fake news) таваҷҷӯҳи зиёд пайдо кард.
Deepfake қобилиятҳои зеҳни сунъиро барои синтез кардани симои инсон истифода мебарад: он якчанд тасвирро дар бар мегирад, ки дар онҳо шахс аз паҳлӯҳои гуногун ва бо чеҳраҳои мухталиф забт карда мешавад ва аз онҳо видео месозад. Бо таҳлили аксҳо, алгоритми махсус меомӯзад, ки чӣ гуна шахс ба ҳаракат медарояд ва метавонад ҳаракат кунад. Дар ин ҳолат, ду шабакаи нейронӣ кор мекунанд. Якум тасвирҳоро тавлид мекунад, ва дуввумӣ барои ёфтани фарқиятҳо байни онҳо ва намунаҳои воқеӣ масъул аст. Агар шабакаи дуввуми нейронӣ қалбакиро ошкор кунад, тасвир ба якум шабакаи нейронӣ барои такмил баргардонида мешавад.
Манбаъ:
- iSpring, B. (29 апрели 2021). Эйнштейн ба ҷои тренер: Дипкфейк чист ва чаро ин тренд дар омӯзиш аст. Баргирифта аз iSpring: https://www.ispring.ru/elearning-insights/dipfejk
- Панасенко, А. (8 апрели 2020). anti-malware. Баргирифта аз anti-malware: https://www.anti-malware.ru/analytics/Threats_Analysis/Deepfakes-as-a-information-security-threat