Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

“Сухани нафрат”: Сексизм, стереотипҳои гендерӣ ва клишеҳо

20.10.2020 • 06:36

Содда карда гӯем, сексизм- ин табъиз аз рӯи аломатҳои ҷинсӣ ва гендерӣ аст. Сексизм ҳамеша вуҷуд дошт. Кофӣ аст, ки ба китобҳои таърих назар андозем ва ба хотир биёрем, ки дар дунёи қадим бо занон чӣ гуна муносибат мекарданд.

Таърихи масъала: Истилоҳи "сексизм" дар асри 20 пайдо шудааст. Эҳтимолан, он бори аввал дар "Форуми донишҷӯёни факултет" дар коллеҷи Франклин ва Маршалл (ИМА) истифода бурда шуда буд. Ин 18 ноябри соли 1965 рух дод. Муаллифи истилоҳи "сексизм" Полин М. Лит аст. .Ин духтарак маърӯзаеро таҳти унвони "Занон ва донишҷӯён" омода кард. Дар он вай як мавзӯи ҷолиберо ба миён гузошт: “Вақте ки шумо мегӯед, ки занон шеъри хуб наменависанд ... Ҳадди аққал мо шоираҳоро кам мешиносем ... Ман гуфта метавонам, ки ҳоло шумо мавқееро, ки ба мавқеи нажодпараст шабоҳат дорад, ишғол карда истодаед. Дар ин ҳолат, ман метавонам шуморо ҷинспараст(сексист) номам. Ҳам нажодпараст ва ҳам ҷинспараст дар асоси омилҳое, ки муҳим нестанд, дар бораи арзиши касе хулоса мебароранд ва тасмим мегиранд." Ҳамин тавр, дар нутқи рӯзмарраи мо калимаи нави «сексист» пайдо шуд. Ин истилоҳ ҳангоми болоравии Ҳаракати озодихоҳии занон маъмулӣ гаштааст.

Бештар дар бораи табъизи ҷинсӣ ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои занон сухан меронанд, аммо мардон низ метавонанд аз табъизи  ҷинсӣ азият кашанд. Масалан,  сабаби даъват шудани мардон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ин табъизи  ҷинсӣ мебошад. 

Сексизм дар заминаи стереотипҳо пайдо мешавад. Дар заминаи стереотип  умумигардонӣ, соддагардонӣ ва ба қолабдарорӣ дар доираи як тасвири соддакардашуда хобидаааст.  райамми онзана

Стереотипҳои гендерӣ дар ақидаҳои дар ҷомеа пазируфташуда дар бораи меъёрҳои рафтори занон ва мардон асос меёбанд. Тақсимот ба "мардона" ва "занона" хеле маъмул аст. Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносон ва равоншиносон қайд мекунанд, ки чунин ҷудокунӣ нодуруст ва зараровар аст ва хулқу афтори шахсӣ дар зери таъсири муҳити зист, фарҳанг ва таҷрибаи шахсӣ ташаккул меёбад. Аммо тамғаи "танҳо барои занон" ё "танҳо барои мардон" ҳанӯз ҳам ба як қатор сифатҳои умумиинсонӣ гузошта мешавад. 

● Мантиқи занона ("ғайримуқаррарӣ") ба мантиқи мардона муқобил гузошта мешавад     

● Ба қувваи мардона заифии зан муқобил аст     

● Занони эҳсосӣ ва мардони оқил     

● Покдоманӣ масъулияти ҷавондухтарон аст     

● Ақли мардона ва хиради занона    

● Сергапии занона ва камгапии мардона

● Бемасъулиятӣ ва бачафеълӣ - танҳо ба занон мансуб аст     

● Асроромезии занона ва ростқавлии мардона     

● Саховатмандии мардон ва пулпарастии занон     

● Фитнаангезии занон ва ишқбозии мардон

 - чунин зиддиятҳо стереотипҳоро ба ҳамаи занон ва мардон нисбат медиҳанд ва онҳоро ба «мо» ва «онҳо» тақсим мекунанд.     

Ҳангоми истифодаи ибораҳои " иродаи матин", "чанголи оҳанин", "бозуи қавӣ", “дили боҷуръат”  мағзи сар ба таври худкор мардро тасаввур мекунад. Заифӣ, нозукӣ ва нармӣ - ҳамаи ин хусусиятҳоро  антагонистҳо ба хосиятҳои хоси занона мансуб медонанд.

Умумигардонӣ ва стереотипнамоӣ боиси тамғагузорӣ мегардад. Тамға ин  синоними маъмултари стереотип бо тобиши манфӣ  мебошад.

Клишеи нутқӣ - қолибҳои стандартии истифодаи калимаҳо, схемаҳои маъмулии ибораҳо ва сохти синтаксисӣ, инчунин моделҳои умумии рафтори нутқӣ дар ҳолатҳои мушаххас мебошанд.

Клишеҳо метавонанд идеологӣ  - дар журналистика, баромадҳои оммавии сиёсатмадорон истифодашаванда ва психологӣ -  ки ҳамчун воҳиди тафаккур  ҳисобида мешаванд, бошанд.

Масалан, клишеи психологӣ, ки «не» -и як зан мустақим «ҳа» аст, лекин  «пурасрор» боиси хулосаҳои зиёди хатарнок мегардад, аз ҷумла ба он, ки диққат додан ба суханони занон шарт нест ва ба норозигии онҳо аҳамият додан лозим нест.

Ҳарассмент (Таъқиб) як рафтори номусоид ё зарароварест, ки махфияти ҳаёти шахсиро вайрон мекунад. Ин рафтор метавонад суханони таҳқиромез ё таҳдиди мустақим ё ғайримустақим, эродҳои бадқасдона, шӯхӣ ё таҳқири дағалона, номаҳо ва зангҳои номатлуб, нишон додани аксҳои таҳқиромез ё нанговар, имову ишораҳои шаҳватангез, дастдарозии нолозим, навозиш, пичак, зарба, ҳамлаи ҷисмонӣ ё амалҳои дигари ба ин монандро дар бар гирад.

Агар шумо чунин ибораҳоро мегӯед ё мешунавед:

"Барои як зан шумо аҷаб хуб аз ӯҳдаи кор мебароед ..."

"Бадани / либосҳои / намуди зоҳирии шумо ақли маро рабудааст/ диққати  маро парешон мекунад"

Ту духтар ҳастӣ, ту бояд ...

Даст назан, нохунатро мешиканӣ! (ва дигар шӯхиҳои шабеҳи ин)

Ин кори зан нест!  Роҳбар, ҷарроҳ, президент, мунаққид, меъмор, бинокор, шоир ... шудан

Бидонед, ки ин зуҳуроти табъизи ҷинсӣ аст.

Манбаъҳои истинодшуда:
Ты что, сексист? Тест NM. (2020, February 11). NewsMaker.

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.