Оё шумо боре фикр кардаед, ки аксҳои қалбакиро аз аксҳои воқеӣ фарқ карда метавонед ё не? Ҳамаруза аксҳои қалбакии нав ба нав пайдо мешаванд, аммо мо ба шумо дар бораи ҷанҷолитарине, ки имрӯз маълуманд, нақл мекунем.
Акси ҳунармандони маъруф Брюс Ли ва Жан-Клод Ван Дамм дар Facebook паҳн шудааст. Ин акс таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб кард ва дар интернет баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Далелсанҷон қарор доданд, ки дурустии онро тафтиш кунанд. Санҷиш нишон дод, ки ин акс аз ҳақиқат дур аст, зеро синну соли онҳо дар ин акс мувофиқат намекунад. Дар акси аслӣ Брюс Ли танҳо нишон дода шудааст ва дар дохили бино гирифта шудааст. Ин аксро ҳатто ҳангоми ворид шудан ба вебсайти расмии Брюс Ли дидан мумкин аст, ки нусхаи аслии он дар байни аксу наворҳои дигари ин ҳунарманд ҳамчун слайд-шоу нашр шудааст. [1]
Дар соли 2022 пас аз пирӯзии тими миллии Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар расонаҳо акси пули қоғазии 1000 песо, ки дар он Месси тасвир шудааст, паҳн шуд. Гуфта мешавад, бо ин роҳ бонки миллии ин кишвар тасмим гирифтааст, ки шухрати варзишгари ҷаҳонӣ Лионел Мессиро абадӣ гардонад. Интихоби ин номи мушаххас тасодуфӣ нест. Охир, ракам аз 10 сар мешавад, ки футболбоз дар зери он рақам бози мекунад. Далелсанҷҳои Factcheck.tj бо истифода аз TinEye муайян карданд, ки тасвири Месси қалбакӣ аст ва ин шакли пули қоғазиро аъзои Бонки марказии Аргентина ҳамчун шӯхӣ пешниҳод кардаанд. [2]
29 октябри соли 2018 як ҳавопаймои Boeing 737-и ширкати ҳавопаймоии Индонезия Lion Air, ки аз Ҷакарта ба шаҳри Панкал Пинанги ҷазираи Банка парвоз мекард, пас аз 13 дақиқаи парвоз дар соҳили Яваи Ғарбӣ ба баҳр афтод. Дар дохили ҳавопаймо 189 нафар, аз ҷумла аъзои экипаж ва мусофирон, аз ҷумла 3 кӯдак буданд. Хабар дода шуд, ки ба гуфтаи наҷотдиҳандагони Индонезия, аз офати табиӣ наҷотёфтагон нест. Аммо 1 ноябри ҳамон сол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аксе бо ҳамроҳии як паём бо забони арабӣ пайдо шуд, ки пас аз 3 рӯз аз суқути ҳавопаймои Индонезия наҷотдиҳандагон дар баҳр кӯдакеро пайдо карданд, ки дар либоси наҷот печонида шуда буд. ки дар натичаи ин амал ӯ зинда монд. Аммо тафтиши далелҳо нишон дод, ки ин маълумот ва акс бардурӯғ аст. [3]
Дар соли 1917, ду амакбачаҳои ҷавон Элси Райт ва Фрэнсис Гриффитс дар боғи худ дар Коттингли, Англия аксҳои париҳоро гирифтанд. Духтарон ҳамагӣ 5 акс гирифтаанд, ки таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб карда, ҳатто яке аз муаллифони машҳур - сэр Артур Конан Дойлро фиреб доданд. Бо вуҷуди ин, пас аз 65 сол, дар аввали солҳои 1980, вақте ки Элси ва Франсис пир шуданд, онҳо иқрор шуданд, ки тасвирҳо бо истифода аз буришҳои картон ба саҳна гузошта шудаанд. [4]
Барои чӣ, ки таҳлили аксҳои қалбакӣ муҳим аст?
Аввалан, барои нигоҳ доштани ҳақиқат: аксҳои қалбакӣ воқеиятро таҳриф мекунанд ва метавонанд одамонро ба маълумоти бардурӯғ бовар кунонанд. Таҳлил ва барҳам додани аксҳои қалбакӣ ба ҳифзи ҳақиқат ва пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ мусоидат мекунад.
Дуюм, нигоҳ доштани эътимод. Вақте ки аксҳои қалбакӣ паҳн мешаванд, он метавонад эътимоди шахсони алоҳида, созмонҳо ва васоити ахбори оммаро коҳиш диҳад, ки беихтиёр онҳоро мубодила мекунанд. Таҳлили аксҳои қалбакӣ ба нигоҳ доштани эътимод ба манбаъҳое, ки ба дақиқӣ ва тафтиши далелҳо афзалият медиҳанд, кӯмак мекунад.
Бо Qlever бимонед ва аз чизҳои ҷолибтарин огоҳ бошед!
Сарчашмаҳо:
1. Factchek.tj сана: 19.01.2023 Гирифта шуд аз: https://factcheck.tj/2023/01/19/fejk-aksi-yakjoyaii-bryus-li-va-zhan-klod-van-damm-dar-facebook/
2. Factchek.tj сана: 25.01.2023 Гирифта шуд аз: https://factcheck.tj/2023/01/25/durugh-argentina-mehohad-puli-koghaziero-bo-aksi-messi-ba-muomilot-barorad/
3. BBC сана: 29 октября 2018 Гирифта шуд аз: https://www.bbc.com/russian/news-46014052
4. The Voice сана:24.02.2023 Гирифта шуд аз; https://www.thevoicemag.ru/lifestyle/stil-zhizni/fei-iz-kottingli-kak-dve-devochki-ubedili-celyy-mir-v-sushchestvovanii-fey/