Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Истифодаи Google Images ва/ё TinEye барои тафтиши аксҳои қалбакӣ

21.02.2024 • 08:35

Дар асри рақамӣ истифодаи аксҳои қалбакӣ барои таҳрики афкори чамъиятӣ ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Аммо бо пешрафти технология имкониятҳое низ пайдо шуданд, ки тафтиши дурустии аксҳоро фароҳам меоранд. Бо истифода аз Google Images ва TinEye шумо метавонед дақиқ кунед, ки дар рӯбарӯятон акси воқеӣ истодааст, ё қалбакӣ.

Google Images махзани ҷустуҷӯии аксҳо буда, ба корбарон имкон медиҳад, ки манбаъ ва тасвирҳои шабеҳро дар интернет пайдо кунанд. Барои истифода аз ин имконот, шуморо зарур аст, ки Google Images-ро дар браузери худ кушоед, нуқтачаи камераро дар сатри ҷустуҷӯӣ нохун занед, тасвир ё URL-ро ворид кунед. Натоиҷи ҷустуҷӯ ба шумо кӯмак мекунад, ки дар куҷо истифода шудани тасвир дар интернетро пайдо кунед. Пас аз ҷустуҷӯ, шумо метавонед дар бахши номгӯйҳо вақтро интихоб намоед, то дар бораи кай ва дар куҷо истифода шудани акси мазкур маълумот пайдо кунед. Ин усул дар муайян кардани он ки акс қаблан истифода шудааст ё на, кӯмак мекунад.

TinEye боз як воситаи ҷустуҷӯи аксҳои баръакс буда, барои тасдиқи дурустии аксҳо кӯмак мекунад. Он низ аз рӯи принсипи Google Images кор мекунад. Махзани TinEye зиёда аз 45,9 миллиард тасвирҳоро дар бар мегирад, ки ба корбарон пойгоҳи васеъи ҷустуҷӯиро фароҳам меорад. Ин махзан дар муайян кардани манбаи аслии тасвир кӯмак карда, имкон медиҳад, ки дар бораи кӣ ва кай бори аввал тасвирро нашр кардааст, маълумот ба даст овард. Инчунин, тасвирҳои бо сифати баландтарро пайдо намуда, шакли таъғирёфта ё таҳриршудаи аксҳоро низ пайдо кардан мумкин.

Ҳангоми истифодаи Google Images ё TinEye, ба аломатҳои зерин диққат диҳед, ки дар бораи қалбакӣ будани тасвир гувоҳӣ медиҳанд:

- Сояҳо ё инъикоси ғайривоқеӣ.

- Мавҷудияти аломатҳои обӣ.

- Набудани иҷозатнома ё хилофи қоида дар сифати тасвир.

Муҳим дар хотир дошат бошед, ки шумо наметавонед бо такя ба як махзани таҳлилкунанда дасткорӣ дар аксро комилан исбот ё рад кунед. Тавсия медиҳем, ки барои таҳлили пурра якчанд имкониятҳоро истифода баред.

Умедворем, ки ин воситаҳо ба шумо барои истеъмолкунандаи огоҳтар ва дорои ақидаи интиқодӣ дар ҷаҳони рақамӣ будан, кӯмак мекунанд.

Сарчашмаҳо:

● Reverse Image Search: Verifying photos (Ҷустуҷӯи аксҳои баръакс: Тасдиқи аксҳо) https://newsinitiative.withgoogle.com

● TinEye ё ҷустуҷӯи тасвирҳои баръакс https://factchecknet.uz/ru/2023/10/28/tineye-ili-obratniy-poisk-izobrajeniy/

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.