Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Фотофейкҳо чистанду чӣ гуна онҳоро аз суратҳои аслӣ фарқ кард

14.02.2024 • 04:23

Баъд аз оммавӣ шудани барномаи аввали Adobe Photoshop, шуруъ аз соли 1988, сохтакории акси ҳуҷҷатҳо хеле осон шуд.

Қаблан, барои таъғири аксҳо кӯшиши зиёд лозим буд - барои эҷоди суратҳои қалбакии ҷанҷолӣ, суратгирҳо экспозитсияҳои сершуморро ранг мекарданд. Ҳоло бошад, дилхоҳ шахс метавонад аз Photoshop ё абзорҳои зеҳни сунъӣ истифода барад [1].

Вақтҳои охир дар саҳифаҳои интернетӣ аксҳои қалбакӣ бо истифода аз Midjourney хеле зиёд шудаанд. Яке аз чунин маъруфтарин аксҳо, сурати усқуфи калисои католикии румӣ Франсис бо нимтанаи мудели Moncler ё Balenciaga, ва аксҳои боздошти собиқ президенти ИМА Доналд Трамп мебошанд.

Чӣ тавр аксҳои шабакаи нейрониро аз тасвири воқеӣ фарқ кардан мумкин аст:

1. Ҷустуҷӯро аз Google ё Yandex шуруъ карда, сарчашмаҳои асосӣ ва маълумоти алтернативиро пайдо намо.

2. Кӯшиш бикун, ки аксҳои шабеҳро пайдо намоӣ. Одатан, аксбардор аз як ҳодиса якчанд акс мегирад. Дар ҷустуҷӯи акси шубҳанок бош, аммо дигар мақолаҳоро накофта, балки ба расмҳои шабеҳ бештар аҳамият деҳ.

3. Ҷустуҷӯи камбудиҳо. Ҳарчанд намунаи муосири Midjourney ва DALL-E қобилияти тавлиди кори баландсифатро нишон медиҳанд, аммо то ҳол кори онҳо аз аксҳои воқеӣ нисбатан дуранд. Агар бодиққат бошӣ, бисёре аз аксҳои зеҳни сунъӣ камбудиҳо доранд. Аз ҷумла, шахсе, ки дар акси қалбакӣ аст метавонад дорои ангуштони каҷ ё миқдори зиёди дандонҳо бошад.

4. Ба дурахши ғайриоддӣ диққат деҳ. Суратҳои зеҳни сунъӣ дар аксар ҳолат дурахши ғайривоқеӣ ё сояҳои "каҷ" доранд, ки гӯё дар акс филтри афсонавӣ ворид кардаанд.

5. Ба матн диққат деҳ. Ҳатто бо рушди муосири алгоритмҳо, шабакаҳои нейронӣ наметавонанд матнро дар акс пурра дарҷ кунанд [2].

Бо QLEVER бимон ва дар бораи аксҳои қалбакӣ ва имконоти шинохти онҳо маълумоти бештар бигир.

Сарчашмаҳо:

1.Тим Скоренко (08.05.2023) «Будьте бдительны: 5 самых скандальных фото-фейков в истории» (Эҳтиёт бошед: 5 акси баҳсбарангез дар таърих") https://www.techinsider.ru/weapon/239642-5-samykh-znamenitykh-otfotoshoplennykh-snimkov-v-istorii/

2.Никита Лактюшин (10.04.2023) https://hi-tech.mail.ru/news/62816-kak-otlichit-ii-izobrazhenie-ot-nastoyaschego-instrukciya/

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.