Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Фактчекинг: воқеият vs сохтакорӣ

04.08.2020 • 19:28

Албатта шумо ҳар рӯз мешунавед, ки ин ё он маълумоте, ки дӯстон ва хешовандонатон фиристодаанд, сохта аст. Оё бовар кардан ба чунин як арзёбӣ сазовор аст ва чӣ гуна фаҳмем, ки кадоме аз ҷараёни паёмҳо дурӯғ аст? Биёед инро бифаҳмем.

Консепсияи муқобилаи хабарҳои сохта ё дезинформатсия " воқеият " номида мешавад. Воқеият  ин ҳодисаи ҳақиқӣ, зуҳуроте мебошад, ки мавҷудияти онро тавассути сарчашмаҳои кушода тасдиқ кардан мумкин аст (Ли, 2019).

Дар саросари ҷаҳон 291 манбаҳои Фактчекинг мавҷуданд. Шумораи чунин сомонаҳо нисбат ба соли гузашта 26% афзудааст ва афзоиш меёбад. (Duke Reporters' Lab, 2020).

Дар Осиёи Марказӣ аввалин манбаи фактчекинг FactCheck.kz соли 2017 дар Қазоқистон кушода шуд (Factcheck.kz, 2017). Ӯ узви Шабакаи байналмилалии санҷиши воқеият  (IFCN) мебошад. Баъдтар захираҳои Factcheck.kg дар Қирғизистон ва Factcheck.tj дар Тоҷикистон пайдо шуданд. Ҳар се ташкилот дар ҳамдастӣ кор мекунанд ва бо паҳн шудани сохтакорӣ (фейк) дар фазои иттилоотии минтақа фаъолона мубориза мебаранд.

Эҳтимол, Шумо аллакай дарк кардед, ки яке аз ҳадафҳои лоиҳаи мо BRYCA ин мубориза бар зидди маълумотҳои бардуруғ ва суханони нафранангез ба воситаи кор бо ҷавонони минтақаҳои дурдаст тавассути баланд бардоштани сатҳи тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаӣ мебошад. Мо ба осонӣ фаҳмидани ҷараёни бузурги иттилоотдар  ВАО кӯмак хоҳем кард - ин осон нест, аммо хеле шавқовар аст. Бо мо бимонед ☺

Манбаъҳои истифодашуда:

Duke Reporters' Lab (2020, 3 апрел). Санаи 27 июли соли 2020, аз сомонаи Reporterlab.org: https://reporterslab.org/fact-checking/ гирифта шудааст.

Factcheck.kz (2017). Рӯзи 10 майи соли 2020 аз сайти Factcheck.kz гирифта шудааст: https://factcheck.kz/o-nas/

Ли, В. (2019, 7 апрел). Луғати Тафтиши воқеъият .10 майи соли 2020 аз сомонаи Factcheck.kz: https://factcheck.kz/glavnoe/slovar-faktchekera/ гирифта шудааст.

Мавод дар доираи лоиҳаи BRYCA бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.