Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Гендер ва Нобаробарии гендерӣ

29.06.2022 • 11:09

Гендер ( аз англисӣ gender, аз лотинии "genus") ҷинси иҷтимоӣ буда, рафтори шахсро дар ҷомеа ва чигуна дарк кардани ин рафторро муайян мекунад.

Он ба ҷинс (хусусиятҳои биологии занон ва мардон) баробар нест.

Гендер (ҷинсҳои иҷтимоӣ) ба маънои васеъ ҳатман бо ҷинси биологии шахс, бо ҷинси тарбия ва ё бо ҷинси шиносномаи ӯ мувофиқат намекунад.

Соли 1958 психоаналитик Роберт Столлер, ки дар Донишгоҳи Калифорния (Лос-Анҷелеси ИМА) кор мекард, истилоҳи «гендер»-ро ба илм ворид кард (зуҳуроти иҷтимоии гендер ё «ҷинсияти иҷтимоӣ»). Соли 1963 дар конгресси психоаналитикхо дар Стокголм баромад карда, дар бораи консепсияи худшиносии ичтимоию чинси (гендери) маъруза кард. Пешниҳоди Р.Столлер оид ба ҷудо кардани ҷузъҳои биологӣ ва фарҳангӣ дар омӯзиши масъалаҳои марбут ба гендер ва ба ташаккули як самти махсус дар донишҳои муосири гуманитарӣ – гендершиносӣ такони бахшид.

Нобаробарии гендерӣ табъиз бар асоси ҷинс ё гендер аст, ки дар он як ҷинс ё гендер нисбат ба дигарон имтиёз ё афзалият мегирад.

Баробарии гендерӣ як ҳуқуқи бунёдии инсон аст ва ин ҳуқуқ бо табъизи ҷинс поймол карда мешавад.

Табъизи гендерӣ тақрибан дар ҳама шартномаҳои ҳуқуқи башар манъ аст. Ба ин қонунҳои байналмилалие, ки ҳуқуқҳои баробарии гендериро байни мардон ва занон таъмин мекунанд, инчунин қонунҳоеро дар бар мегирад, ки махсусан ба татбиқи ҳуқуқҳои занон бахшида шудаанд, аз қабили Конвенсия оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон, ки лоиҳаи байналмилалии ҳуқуқҳои занонро баррасӣ мекунанд.

Сарчашмаҳо:

1. StudFile; “Гендер” https://studfile.net/preview/1714381/

2. Save the Children; “Gender Discrimination: Inequality Starts in Childhood” https://www.savethechildren.org

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.