Занон президент ва лётчик мешаванд, ба коинот парвоз мекунанд, ба командаҳои футболи мардона тренерӣ мекунанд, ба оркестрҳои симфонб роҳбарӣ мекунанд ва дар бисёр касбҳои дигар, ки анъана мардона хисоб мешаванд, муваффақ мешаванд. Аммо, стереотипҳои гендерӣ имрӯз ҳам дар ВАО, филмҳо ва таблиғ ва албатта дар байни одамон дар ҳаёти ҳаррӯза ҳукмфармост.
Стереотипҳо, ки одамонро аз ҳам ҷудо мекунанд, зарароваранд, зеро онҳо қобилияти мардон ва занонро барои инкишоф додани қобилиятҳои шахсии худ маҳдуд мекунанд.
Стереотипҳои ноодилонаи гендерӣ сабаби маъмули табъизи занон ва омили поймолкунии як қатор ҳуқуқҳо, аз қабили ҳуқуқ ба саломатӣ, сатҳи муносиби зиндагӣ, таҳсилот, муносибатҳои издивоҷ ва оилавӣ, кор, озодии баён, озодии ҳаракат, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва намояндагии манфиатҳои сиёсӣ, воситаҳои муассир ва озодӣ аз зӯроварии гендерӣ мебошанд.
Барои мубориза бо стереотипҳо дар одамон аз хурдсолӣ дарки дурусти баробарӣ ташаккул додан муҳим аст. Ин тарбия бояд инсонро тамоми умр ҳамроҳӣ кунад. Аммо дар баробари таълим бо мисолҳои мусбӣ тарғиб кардан муҳим аст. Дар ин бобат матбуот роли калон мебозад. Меъёрҳои ахлоқии журналистикаро риоя кардан лозим аст, то аз паҳншавии матолибе, ки стереотипҳоро оммавӣ месозад, пешгирӣ карда шавад. Омӯзиш роҳи муассиртарин барои мубориза бо стереотипҳои гендерӣ дар ВАО мебошад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба муҳаррирони расонаҳои хабарӣ омӯзонанд, ки аз таассуботи худ огоҳона раҳо шаванд.
Коҳиши стереотипҳои гендерӣ дар ВАО на танҳо ба кори беҳтари рӯзноманигорон мусоидат мекунад, балки ба тамоми ҷомеа таъсир мерасонад.