Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Маълумотро чӣ гуна бояд таҳлил ва тафтиш кард.

27.04.2022 • 06:34

Дар ҷараёни ҷанги иттилоотӣ ҳама ҷонибҳо ба ин ё он роҳ далелҳоро таҳриф мекунанд. Касе муваффақиятҳои худро аз будаш зиёд нишон медихад, касе бераҳми душманро, касе мағлубиятро пинҳон медорад.

ВАО коллажҳои рангоранги парчамҳо, чеҳраҳо, аксҳои одамони давида истода, аксҳои наздики одамони маҷрӯҳшуда ё кушташударо истифода мебаранд. Ва мусиқии драмавӣ ё фоҷиавӣ мемонад, то таъсири қабул кардани маълумотро зиёд кунад.

Ҷанги иттилоотӣ бо интишори ҳадафмандонаи овозаҳо, ки дараҷаи бадбинӣ ва ташаннуҷро дар ҷомеа афзоиш медиҳад, ҳамроҳӣ мекунад. Истифодаи техникаи «халқи оддӣ» ба пропагандист имкон медиҳад, ки як кисми шунавандагони мақсаднокро бовар кунонад, ки фикру мулоҳиза ва баҳоҳои вай хубанд, зеро онҳоро халқи оддӣ дастгирӣ мекунад.

Ҷонибҳои ширкаткунандаи ҷанги иттилоотӣ барои бартарӣ ва назорат бар шуур ва рафтори шунаванагон мубориза мебаранд. Ҳар кадоми тарафҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳар гуна далелҳои душманро аз байн баранд ва онҳоро бо далелҳои худашон иваз кунанд - то ҳадди имкон эътимодбахш, ки боварии шунавандагонро ба вуҷуд меоварад.

Ҷанги иттилоотии дарозмуддат дар асоси оштинопазирии ҷонибҳо ҷомеаро ба ҳолати аномияи устувор – вайроншавии низоми меъёрҳо ва арзишҳо оварда мерасонад. Ҷанги иттилоотӣ ба «мо» ва «онҳо» ҷудо шуда, симои душманеро табдил медиҳад, ки бо онҳо оштӣ нест ва наметавонад бошад. Оқибатҳои ҷангҳои иттилоотӣ метавонанд, ба ҷангҳои ҳақиқии мусаллаҳона табдил ёбанд. Ва ҳатто пас аз анҷоми ҳамлаҳои иттилоотии фаъол, чун қоида, муносибати манфии устувор ба ҳамдигар барои муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад.

Яке аз воситаҳои худро аз ҷараёни иттилооти бисёрҷанба ва бардуруғ муҳофизат кардан — тафаккури интиқодӣ мебошад. Ба маънои васеъ, тафаккури интиқодӣ ҳамчун ба ҳама чиз бо нобоварӣ муносибат кардан, ҳеҷ чизро бидуни далел ва тафтиши далелҳо қабул накардан аст.

Тафаккури интиқодӣ доштан муҳим аст, аммо кофӣ нест. Технологияҳо ва усулҳо лозиманд, ки ба шумо барои фаҳмидани он ки чӣ рӯй дода истодааст, кӯмак мекунад. Аввалин чизе, ки бояд оғоз кард, ин тафтиши манбаъҳост. Шумо бояд ба худ саволҳо диҳед: шахс то чӣ андоза метавонад шоҳиди он чизе бошад? Оё ӯ мефаҳмад, ки чӣ шуд?

Ба каналҳои номаълум бовар накунед. Вақте ки мо намедонем, ки мундариҷаро кӣ эҷод мекунад, мо наметавонем бидонем, ки ин манбаи иттилоот чӣ ангеза, ҳадаф ва вазифаҳо дорад. Муаллифони блогҳо ва каналҳои номаълум барои суханҳои худ ҷавобгар нестанд ва метавонанд хабарҳои қалбакиро бештар паҳн кунанд.

Дар хотир доштан муҳим аст, ки аксҳо ва видеоҳо низ аксар вақт қалбакӣ мебошанд. Шумо бояд диққат диҳед, ки ин аксҳо ва видеоҳо кай гирифта шудаанд, аксар вақт рӯй медиҳад, ки онҳо чанд сол пеш ва дар шароитҳои хеле гуногун гирифта шудаанд.

Кӯшиш кунед, ки далелҳоро аз ақидаҳо ва андешаҳои шахсии коршиносон фарқ кунед. Назари сиёсатшинос дар бораи ҳодиса метавонад аз навиштаҳои актёрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ назаррастар бошад. Паёмҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҳамчун мавқеи шахсӣ ва тафсири рӯйдодҳо қабул карда шаванд, на ҳамчун як пешгӯии таҳлилӣ ва маълумоти боэътимод.

Сарчашмаҳо:

1. РБК; Анастасия Морошкина "Хабарҳои бардурӯғ ва тарғиб: чӣ гуна набояд ба сӯистеъмоли шуур наафтем" 21/03/2022 https://trends.rbc.ru/trends/education/622f17f79a79476203c9e8ba

2. Белова Н.Е. Мақолаи илмии «Хусусиятҳои ҷанги иттилоотӣ» https://cyberleninka.ru/article/n/osobennosti-diskursa-informatsionnoy-voyny/viewer

3. Holod Media “Чӣ гуна бояд иттилоотро тафтиш кард ва пешгирӣ аз фейкҳо” 03/01/2022 https://holod.media/2022/03/01/kak-filtrovat-informacziyu/

 

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.