Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Чӣ тавр муҳофизат кардани Wi-Fi аз бегонагон: 5 маслиҳат

09.02.2022 • 08:43

Wi-Fi чизе нест, ки шумо мехоҳед бо ҳама дар атроф мубодила кунед. Илова бар ин, ҳамлагарон метавонанд IP-и шуморо барои вайрон кардани қонун истифода баранд.

Бисёриҳо намефаҳманд, ки пайвастшавӣ ба корбарони дигар ва ё ҳатто бадтараш, вайронкорон ба шабакаи шахсии Wi-Fi то чӣ андоза хатарнок буда метавонад. Биёед ТАСАВВУР кунем, ки мо шабакаи бесими хонагӣ дорем. Бигзор он бо рамз муҳофизат карда шавад ё комилан кушода бошад. Аммо тавассути шкастани рамз ё танҳо пайвастшавӣ (агар шабака бехатар набошад), корбарони дигар ба он пайваст мешаванд. Ин корбарон эҳтимолан нияти бад надоранд. Ба онҳо маълумоти шахсии мо ҷолиб нест ва ҳадафи ба мо ягон зарар расонидан надоранд. Танҳо ба Wi-Fi ягон каси дигар пайваст шуда интернетро истифода мебаранд.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ чизи ташвишовар нест, аммо шумо бояд фаҳмед, ки ин дастгоҳҳои бегона дар роутери шумо сарборӣ эҷод мекунанд. Ва роутери шумо суст кор мекунад. Суръати пайвастшавӣ паст мешавад. Чӣ мешавад, агар онҳо торрентҳоро зеркашӣ кунанд/мубодила кунанд? Ё бозиҳои онлайнӣ бозӣ мекунед? Ин як бори калон ба шабака ва роутер аст. Он умуман метавонад ях кунад, аз кор монад ва ғайра. Аммо ин ҳанӯз нисфи мушкилот аст. Агар шумо шабакаи маҳаллӣ танзим карда бошед, дастрасӣ ба баъзе файлҳои компютер кушода аст, пас ҳар касе, ки ба роутери шумо пайваст аст, инчунин метавонад ба файлҳо дастрасӣ пайдо кунад. Албатта, ҳама гуна шабакаи Wi-Fi –ро метавонанд шикананд. Ва 100% муҳофизат вуҷуд надорад. Аммо, дар аксари ҳолатҳо, барои мущофизат кардан аз ҳакерҳо, 5 чора, аз ҷумла якчанд клик кофӣ аст.

  1. Ба Wi-Fi рамзи (парол) қавӣ гузоштан.

Шабакаи Wi-Fi бояд бо рамз муҳофизат карда шавад. Пароли хуб. На  ин ки "11111111", "12345678", "qwertyui" ва ғайра. Ҳатман дар бораи пароли қавӣ фикр кунед, ки дорои ҳарфҳои калон, рақамҳо ва аломатҳои махсус (~ ! @ # $ % & * ) бошанд. Инчунин, барои навиштани рамз аз ҳад зиёд танбал нашавед, то баъдтар ба системаи ҷустуҷӯӣ чунин савол надиҳед: чӣ гуна рамзи аз Wi-Fi-и худро пайдо кардан мумкин аст?

  1. Танзимоти роутери худро бо рамз муҳофизат кунед

Ин парол ба Wi-Fi рабте надорад. Он танҳо барои ҳифзи танзимоти роутер истифода мешавад. То ки ҳеҷ кас ҷуз шумо ба веб-интерфейси роутер ворид нашавад ва ҳама гуна танзимотро дар он ҷо тағир надиҳад. Чӣ тавр рамзро дар роутер аз admin ба дигараш иваз кардан мумкин аст.

  1. Функсияи WPS -ро хомӯш кунед

Бо WPS, шумо метавонед бе ворид кардани парол дастгоҳҳоро ба шабакаи бесим зуд пайваст кунед. Аммо тавре ки таҷриба нишон медиҳад, кам одамон WPS-ро истифода мебаранд. Шумо метавонед маводҳои зиёдеро пайдо кунед, ки дар он дар бораи мушкилоти гуногун бо амнияти функсияи WPS навишта шудааст. Аз ин рӯ, барои муҳофизат кардани роутер аз ҳакерӣ, беҳтар аст, ки ин функсияро хомӯш кунед.

  1. Шабакаи Wi-Fiро аз чашмони бегона пинҳон кунед

Дар танзимоти шабакаи Wi-Fi дар роутер чунин функсия мавҷуд аст, ба монанди "Пинҳон кардани SSID" (Hide SSID) ё "Хомӯш кардани пахши SSID". Пас аз фаъол кардани он, дастгоҳҳо дигар шабакаи Wi-Fi-и шуморо намебинанд. Ва барои пайваст шудан ба он, шумо бояд на танҳо парол, балки номи худи шабакаро (SSID) низ муайян кунед. Ва ин муҳофизати иловагӣ аст.

  1. Брандмауэр, Антивирус, экрани байнишабакавӣ, муҳофизати DoS

- ҳама ё баъзе аз ин функсияҳо дар роутерҳои муосир мавҷуданд. Одатан, онҳо бо нобаёнӣ фаъол карда мешаванд. Онҳоро бе зарурат хомӯш накунед ва танзимотро тағир надиҳед.

Ҳамаи ин танзимоти асосӣ ба шумо кӯмак мекунанд, ки "сӯрохиҳо" -и асосии амнияти роутер ва шабакаи Wi-Fi-ро, ки он паҳн мекунад, руст кунед. Барори кор!

Манбаъ: help-wifi.com

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.