Барои ба доми қаллобон ва дасткорон наафтодан, бояд тафаккури интиқодиро ташаккул дод ва қадамҳои муайянро пеша кард.
Қадами аввал. Дар аввал бояд иттилоотро таҳлил кард, маълумотҳоро шарҳ дод, агар зарур бошад калимаҳои туфайлиро баҳо дод. Ин малакаи аз ҳама муҳим мебошад, ки ба малакаи кор бо иттилоот алоқамандӣ дорад. Чӣ аввал ва чӣ дуввум аст? Чӣ муҳим ва чӣ дуввуминдараҷа аст? Сабаб дар куҷо ва натиҷа дар куҷо аст? Чӣ гуна яке бо дигаре алоқаманд аст?
Қадами дуввум. Шахсеро, ки интиқодан фикр мекунад фиреб додан хеле мушкил аст, зеро ӯ метавонад ҳамаи хатогиҳои мантиқӣ ва ҳамаи номувофиқатҳоро дар мулоҳизарониҳо дарёфт кунад. Алгоритми соддаи саволҳои интиқодиро истифода баред. Оё мавзӯи мулоҳизаронӣ фаҳмо аст? Оё мавзӯъ пинҳонан иваз нашудааст ё дидаю дониста ба тарафи дигар гузаронида нашудааст? Оё мавзӯъ танг ва васеъ намешавад? Оё ҳамаи бурҳонҳоро дуруст шуморида мешавад? Оё ҳамаи далелҳо кушод ва исбот шудаанд? Оё ягон номувофиқиҳо ҷой надоранд? Оё алоқаи фаҳмои сабабу натиҷа ҳаст?
Қадами севвум. Хатогиҳои мантиқиро ёфтан – як гап, онҳоро ба ҳарифи худ шарҳ додан ва исбот кардан – гапи тамоман дигар. Малакаи овардани далелҳо ва буҳонҳои эътимоднок – малакаи калидии тафаккури интиқодӣ. Ҳақ будани худро бояд бо далелҳои исботшуда ва кушод бовар кунаондан на балки бо суханони зебо.
Қадами чорум. Ва дар охир аз ҳама муҳим. Инсон дар назария метавонад иттилоотро хеле хуб таҳлил кунад, хатогиҳои мантиқиро ёбад, дар “мубоҳисаҳои” шакли сунъӣ далелҳо оварад, аммо агар ӯ ҳамаи ин малакаҳоиро дар амал тадбиқ карда масъалаҳои ҳақиқиро ҳал карда натавонад, ягон фоидае нест. Маҳз барои ҳамин ҷузъи чоруми тафаккури интиқодӣ ин дар амал тадбиқ кардани натиҷаҳо барои ҳалли муаммоҳо.
Тафаккури интиқодиро бояд такмил дод. Ин малакаест, ки кори доимиро талаб мекунад. Тафаккури интиқодӣ ин танқид кардан нест. Ин малакаи роҳи дурустро дар ҷараёни калони иттилоот ёфтан ва хабарҳои воридшавандаро зери шубҳа гузоштан аст. Бояд шубҳа кард ва суолҳои гуногун ва бисёр дод. Чӣ қадаре, ки идея, изҳорот ё фикре мушкил бошад ҳамон қадар суол бисёр бояд бошад. Иттилоотро тафтиш кардан ва манбаи авваларо ҷустуҷӯ кардан ва инчунин якчанд манбаҳоро муқоиса кардан муҳим аст. Қатъиян ба ҳама чиз бовар кардан мумкин нест. Ба ин мақола аз он ҷумла.
Манбаъ: https://www.forbes.ru/karera-i-svoy-biznes/370759-ne-veryu-kak-razvit-kriticheskoe-myshlenie