Тафаккури интиқодӣ як чизест, ки якбора ташаккул намеёбад. Он дар тӯли ҳаёт инкишоф меёбад. Бо назардошти он, ки муҳити иттилоотӣ ва шароите, ки мо дар он зиндагӣ мекунем то чӣ андоза зуд тағир меёбад, шумо бояд ҳамеша тафаккури интиқодиро инкишоф диҳед.
Барои рушди тафаккури интиқодӣ, саъй кунед, ки доираи назари худро васеътар кунед ва дар бораи мавзӯъҳо ва падидаҳои гуногун маълумоти бештар гиред. Ҳар қадар дониш зиёд бошад, муқоиса кардан ва таҳлил кардан осонтар аст. Пеш аз он, ки ба масъала аз нуктаи назари танқидӣ арзёбӣ каран, онро аз хар чихат бояд ба назар гирифт, вазъиятро дар заминаи рӯйдодҳои дигар дид ва рушди онро сари вақт пайгирӣ бояд намуд.
Савол доданро ёд гиред. Ҳавасмандӣ ва ташнагии дониш асоси тафаккури интиқодӣ мебошад, то ин ташнагиро қонеъ гардонидан, саволҳоро дуруст тартиб дода тавонистан лозим аст. Дар мавзӯъҳои гуногун савол доданро машқ кунед. Ҳангоми омӯзиши ягон савол, ба ҳама ҷиҳатҳо таваҷҷӯҳ кунед, мушкилотро аз паҳлӯҳои гуногун баррасӣ кунед ва тафсилотро муайян кунед.
Таҳлили матн. Маълумотро барои муайян кардани эътимоднокии он таҳлил кунед ва барои хулосаҳои минбаъда ба қадри кофӣ фаҳмед. Ин яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои тафаккури интиқодӣ аст.
Вариантҳои гуногуни рушди рӯйдодҳоро пешниҳод кунед. Пешгӯи кардани оқибатҳои амали худро дар ҳама гуна вазъияти ҳаёт омӯзед. Ҳангоми қабули қарор, ҳама оқибатҳои эҳтимолиро дар рӯи коғаз нависед, ба ҳар кадоми онҳо баҳо диҳед, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ гуна хатари нокомӣ ё оқибатҳои манфии эҳтимолиро кам кардан мумкин аст.
Мантиқ, диққат ва тасаввуроти худро бо бозиҳо, муаммоҳо ва машқҳои махсус омӯзонед.
- Шоҳмот
Бозии шоҳмот тафаккури мантиқиро инкишоф медиҳад, ба шумо дидани муносибатҳои сабабу оқибат ва пешгӯии рушди рӯйдодҳоро ёд медиҳад. На танхо шохмотбозй, балки халли масъалахои шохмот хам фоидабахш аст.
- Ребусҳо, муаммоҳо ва бозиҳои мантиқӣ
Ҳал кардани ребусҳо ва муаммоҳо таваҷҷӯҳ ва мантиқро инкишоф медиҳад, суръати тафаккурро беҳтар мекунад, ҷудо кардани чизи асосиро аз дуввумдараҷа меомӯзонад. Аз ҳама беҳтарин ин Судоку ва Кубик Рубика ҳастанд.
- Бозиҳои руимизӣ, ки мантиқ ва хаёлотро инкишоф медиҳанд
Бозии "Ҳа ё Не." Баранда як калима ё вазъиятро тахмин мекунад ва бозигарон бояд онро бо савол додан тахмин кунанд. Бозингар метавонад танҳо ба саволҳои "ҳа" ё "не" ҷавоб диҳад.
- Усулҳои рушди тафаккури ғайри стандартӣ
Бозии "Усули татбиқ". Ҳар гуна ашёро гиред, масалан, шона ё қалам, ва кӯшиш кунед, ки 100 роҳи гуногуни истифодабарии онро фикр кунед.
"Калимаи тасодуфӣ". Мушкилотро таҳия кунед ва кӯшиш кунед, ки онро бо ягон калимаи тасодуфӣ интихобшуда аз китоб ба таври тасодуфӣ пайваст кунед.
Манбаъҳо:
- Фоксфорд. 27.12.2019. "Тафаккури интиқодӣ чист" https://media.foxford.ru/critical-thinking/
- RBK 03/02/2021 "Чӣ тавр бояд тафаккури интиқодиро инкишоф дод" https://trends.rbc.ru/trends/education/5fce3d8b9a7947ff046c43c6