Дар бораи тафаккури интиқодӣ аз давраҳои Юнони қадим мулоҳизаронӣ мекарданд. Платон ва Суқрот далелҳои қабулшударо зери шубҳа мегузоштанд ва дар ҷустуҷӯи ҳақиқат суолҳо медоданд. Дар ҷаҳони муосир ин маҳорат боз ҳам муҳимтар шуда истодааст.
Инак, “Тафаккури интиқодӣ худ чӣ аст?”
Тафаккури интиқодӣ — малакаи зери шубҳа гузоштани иттилооти воридшаванда ва эътиқодҳои худ. Малакаи мазкур барои равшан ва оқилона фикр кардан, дарёфти алоқаи мантиқӣ байни далелҳо ва овардани бурҳонҳои қавӣ мусоидат менамояд. Асоси тафаккури интиқодӣ – малакаи фикр кардан.
Касоне, ки интиқодан фикр мекунанд, суол медиҳанд, идеяҳо ва гуфторҳоро, ба ҷои ҳамчун ҳақиқат қабул кардан, зери шубҳа мегузоранд.
Ҷарайёни муосири иттилоот – тасмаи доимии паёмҳо, ки дар он ахборот, эълонҳо, контенти муфид ва таблиғот омехта шудаанд. Агар ба ҳамаи он чизе, ки менависанд бовар кунед шуморо барои дасткорӣ кардарн ё фикри дигаронро ба шумо талқин кардан, метавонанд фиреб диҳанд.
Паёмҳои бардурӯғ метавонанд ба дороиҳо, касб ва ҳаёти шахсӣ таъсири манфӣ расонанд. Масалан, манбаи номаълуме дар ахборот хабар медиҳад, ки нархҳои махсулоти муайяне ба наздикӣ боло мераванд. Агар ин хабар нодуруст бошаду, шумо он маҳсулотро ба ҳаҷми калон харидорӣ намоед – шумо пулҳоятонро аз даст медиҳед. На ҳамаи иттилоот дуруст буда метавонад. Дурӯғро муайян кардан ва далелҳоро аз фикр фарқ карданро бояд омӯхт.
Тафаккури интиқодиро дарҳол омӯхта намешавад. Он ба монанди омӯхтани забони хориҷӣ аст – дар аввал он мушкил ва нофаҳмо аст, аммо вақте ки мантиқро мефаҳмед, осонтар мешавад. Дар бораи чизҳое, ки боварӣ доред мулоҳизаронӣ карданро оғоз намоед. Масалан, агар тавсияҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо карда истода бошед, суол гузоред, ки барои чӣ маҳз ҳзамин контент ва маҳз бо ҳамин тартиб намоиш дода мешавад. Тезизҳо ва бурҳонҳои он мақоларо зери шубҳа гузоред, пайвандҳо ба тадқиқотҳоро санҷед.
Методикаи далелсанҷиро истифода баред «5W+H»
What? — чӣ ҳодиса рух дод?
Why? — барои чӣ он рух долд?
Who? — кӣ дар бораи он хабар дод?
Where? — дар куҷо он рух дод?
When? — кай рух дод?
How? — чӣ гуна рух дод?
Тафаккури интиқодии худро доимо такмил диҳед. Агар дар ҳақиқат дар бораи ахборот огоҳ буданро хоҳед – танҳо сарлавҳаҳоро хондан кофӣ нест.
Ролик дар бораи тафаккури интиқодиро тамошо кунед)
Манбаъ:
1. https://trends.rbc.ru/trends/education/5e81f1339a7947c0a7a6eef3
2. Канали YouTube MediaSabak