1. Дипфейки Том Круз дар TikTok
Дипфейкҳо то он дараҷае расиданд, ки акнун аккаунти @deeptomcruise дар TikTok, ки ба пуррагӣ ба дипфейкҳои Том Круз бахшида шудааст, мавҷуд аст. Ин сохтакорӣ он қадар воқеъбин аст, ки онро ҳатто алгоритм ошкор накардааст. Аккаунти @deeptomcruise ним миллион муштариён дорад. Дипфейки актёр голф бозӣ мекунад, дар бораи вохӯрӣ бо Михаил Горбачев нақл мекунад ва найрангбозӣ (фокус) нишон медиҳад. Шахсе, ки дар тиктокҳо роли Том Крузро бозидааст, ба таври хеле аниқ қиёфасозӣ, ҳаракатҳо, овоз ва ҳатто хандаи ба актёр хосро нишон додааст. Боқимонда корҳоро нейросет иҷро кардааст. [1]
2. Дипфейки шоҳзода Елизаветтаи II
Ширкати телевизионии Бритониёӣ Channel 4, видеоролики бо технологияи дипфейк сохта шударо, ки дар он Елизаветтаи II ба тарзи трендҳои шабакаи иҷтимоии TikTok рақс мекунад, дар эфир паҳн кардааст. Ба гуфтаи директори техникии Channel 4 Яна Катца (Ian Katz), видео ба ҳозирин, барои ҷалб кардани диққати ҳамагон ба хатарҳои технологияи дипфейк, нишон дода шуд. Видео аз тарафи студияи Framestore, ки барандаи ҷоизаи оскар мебошад сохта шудааст, роли шоҳзодаро бошад ҳунарманди кино Дебра Стивенсон (Debra Stephenson) бозидааст. [2]
3. Дипфейки Илон Маск
Баъди сар додани киштии кайҳонии Crew Dragon ба Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ, дар интернет дипфейк бо суруди “Трава у дома”, ки аз ҷониби Илон Маск хонда шудааст, паҳн гардид. Ширкати Илон Маск SpaceX, бори аввал аст, ки кайҳонавардонро дар киштии кайҳонии Crew Dragon ба Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ фиристодааст. Маскро барои бо муваффақият сар додани киштӣ табрик карданд – касе бо суханҳо, касе бо дипфейк бо иштироки ӯ. Дипфейк боварибахш баромад – боз як сабабе, ки ба он бовар кардан осон аст, Маск солҳои охир бисёр бо забони русӣ менависад. [3]
4. Диктори Кореягӣ Ким Джу-Ха.
Канали телевизионии кореягӣ MBN дипфейки барандаи ахбороти худ, Ким Джу-Харо пешкаш кард. Канал пешакӣ тамошобинонро огоҳ кард, ки барандаи ахборот сохтакорӣ шудааст ва Ким Джу-Ха бошад ҳанӯз ҳам кор мекунад. Ба ҳар ҳол, MBN изҳор дошт, ки дар нақша дорад истифодаи дипфейкҳоро барои баъзе ахборот давом диҳад. [4]
Манбаъ:
- Esquire; “Том Круз дар тикток пайдо шуд.” 26/02/2021 website: https://esquire.ru/articles/244853-tom-kruz-poyavilsya-v-tiktoke-eto-dipfeyk-no-slishkom-ubeditelnyy/#part0
- Naked-science “Дипфейки шоҳзода Елизаветтаи II дар телеканали бритониёгӣ пахш гардид ва боиси норозигиҳо шуд” 25/12/20 website: https://naked-science.ru/article/media/dipfejk-korolevy-elizavety-ii-vystupil-na-britanskom-telekanale-i-vyzval-buryu-negodovaniya
- Meduza « Илон Маск суруд мехонад - Земля в иллюминаторе…» 31/05/20 website: https://meduza.io/shapito/2020/05/31/ilon-mask-poet-pro-zemlyu-v-illyuminatore-posmotrite-samyy-aktualnyy-dipfeyk-posle-zapuska-crew-dragon
CREATIVE BLOQ “14 deepfake examples that terrified and amused the internet” 1/06/21 website: https://www.creativebloq.com/features/deepfake-examples