Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди дипфейкҳо

14.07.2021 • 04:56

Технологияҳои такмили дипфейкҳо назар ба қонунҳои ин соҳа тезтар рушд ёфта истодаанд.  Twitter, Facebook-и амрикоӣ ва TikTok-и чинӣ ҳаракат карданд то мустақилона паҳншавии дипфейкро бо якчанд воситаҳои гунногун ба тартиб дароранд (1).

Масалан, сиёсати нави TikTok ҳама гуна контенти синтетикӣ ё дасткориро, ки истифодабарандагонро тариқи таҳриф кардани ҳақиқат оиди воқеаҳо гумроҳ мекунад ва сабаби расонидани зарар мешавад, манъ мекунад. Сиёсати нави ин шабакаи иҷтимоӣ барои пешгирии ҳама гуна видеоҳои фиребанда, барои паст задани обрӯи рақибони сиёсӣ дар интернет, пешбинӣ шудааст.

Facebook дар аввали соли 2020 сиёсати худро барои нест кардани дипфейкҳо эълон кард. Паёмҳо нест карда мешаванд, агар: контент ягон касро ба гумроҳи бурда тавонад, ӯро бовар кунанад, ки гӯё шахси дар видео гапҳоеро гуфта бошад, ки дар асл нагуфтааст; ин маҳсули ақли сунъӣ ё омӯзиши мошинӣ мебошад, ки видеоро таъғир дода онро ба аслӣ монанд мекунад.

Twitter қонун оид ба дипфейкҳо ва дасткории ВАО қабул кард, ки асосан нишонгузории твитҳо ва огоҳии истифодабарандагонро оиди таъғиротҳо дар ахборотро дар назар дорад, на нест кардани онҳоро. Тибқи изҳороти ширкат, твитҳое, ки маводҳои қалбакӣ ва беэътимод доранд, танҳо дар ҳолате, ки зарар расонида метавонанд, нест карда мешаванд.

Мушкилии асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ин набудани технологияи дарёфт намудани дипфейкҳо буд. Дар соли 2019 Facebook дар якҷоягӣ бо Microsoft ва дигар шарикон озмуни The Deepfake Detection Challenge барои дарёфт кардани дипфейкҳоро эълон намуд. Аз ҳама муваффақтарин, модели таҳиякунандаи белорусӣ Селим Сафарбеков шуморида шуд. Он натиҷаи 65,18%-ро дар дата-сетҳои санҷишӣ ба даст овард. Дар ҷои сеюм – модели ширкати русӣ NTechLab.

Лидерони технологӣ – “Яндекс”, TikTok, Microsoft, IBM, Kaspersky Lab, Reface, FaceApp, Ntechlab ва дигарон шарҳ додани трендҳои РБК-ро оид ба дипфейк ва ҳуқуқи муаллифӣ рад карданд.

Манбаъ:

  1. Янина Ноэл «Дипфейки: как трансформируется авторское право на контент» (18.05.2021). Дастрас шудааст: https://trends.rbc.ru/trends/industry/5fc688fe9a79473e6ff9b82a

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.