Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дипфейкҳо ва ҳуқуқи муаллиф

07.07.2021 • 05:50

Паҳншавии фейкфейкҳо боиси мушкилоти зиёде гардид, аз ҷумла вайронкунии моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ. Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ масъалаҳои асосии марбут ба дипфейк муайян кардааст: (i) агар дипфейк маълумоти дорои моликияти зеҳниро истифода барад, пас кӣ ҳуқуқи моликияти зеҳниро ба дипфейк дорад; (ii) оё ба шахсе, ки тасвир ё овози ӯ дар истеҳсоли фепкфейк истифода мешавад, мукофот дода мешавад.

Мушкилоти асосии дипфейкҳо мавҷуд набудани қонунгузорӣ ва амалия мебошанд, ки метавонанд ҳам ба эҷодкорони дипфейк ва ҳам тартиби бартараф кардани онҳо, таъсир расонанд. Диффейкҳои овозӣ мушкилоти калонтарин ба ҳисоб мераванд, зеро овози шахс дар ягон давлати дунё тобеи моликият нест - агар номи шахс ҳамчун бренди тиҷорӣ сабт нашуда бошад. Аммо на ҳама чиз он қадар содда аст. Масалан, дар соли 2020, канали YouTube Vocal Synthesis як қатор пораҳои сурудҳои ситораи рэпи амрикоӣ Jay-Z ро бидуни фоидаи тиҷорӣ нашр кард. Аммо, ширкати консертии Jay-Z талаб кард, ки видеоро, ки ба ақидаи онҳо, тақлид ба овози навозанда ғайриқонунӣ истифода шудааст, нест кунанд. Аз чор видео танҳо дутоаш тоза карда шуд. Эътироф карда шуд, ки маҳсули садои бадастомада ба ҳеҷ як аз сурудҳои рэпер рабте надорад.

Тақлид ба овоз, масалан тавассути пранкерони телефонӣ, вайронкунии қонун нест, балки аз мундариҷаи шӯхӣ ва оқибатҳои истифодаи дипфейки овозӣ вобастагӣ дорад, ки метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Масалан, моҳи марти соли 2019 дар Британияи Кабир шахсони номаълум бо истифода аз овози директори иҷроияи як ширкати энергетикии Бритониё ба корманде дастур доданд, ки 220 000 евро ба шахсони сеюм интиқол диҳад. Пул ба қаллобон интиқол дода шуд. Муфаттишон бошанд, гумонбаронро муайян карда натавонистанд.

Манбаъҳо:

Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 2019. Гуфтугӯи СУМЗ дар бораи моликияти зеҳнӣ (IP) ва зеҳни сунъӣ (AI)   https://www.wipo.int/export/sites/www/about-ip/en/artificial_intelligence/call_for_comments/pdf/ind_lacasa.pdf

RBC, Deepfakes: Чӣ гуна ҳуқуқи муаллифии мундариҷа тағир меёбад. https://trends.rbc.ru/trends/industry/5fc688fe9a79473e6ff9b82a

Institute for Internet and the Just Society, 19 January 2021, Legal Issues of Deepfakes by Betül Çolak, https://www.internetjustsociety.org/legal-issues-of-deepfakes

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.