Иттилоот азкалимаи лотинӣ (informatio) гирифта шуда маънояш маълумот, равшанӣ, муаррифӣ мебошад. Калимаи "иттилоот" вобаста ба мундариҷа маънои зиёд дорад. Ба маънои махдуд — ин иттилоот, паёмҳо, маълумот новобаста аз шакли пешниҳоди онҳо мебошанд. Таърифи дигари калимаи "иттилоот" маҷмӯи маълумоте мебошад, ки дар як воситаи моддӣ сабт шудааст, дар вақт ва фазо ҳифз ва тақсим карда мешавад. Аммо санъатро, иттолот номида намешавад. Фаҳмиши эстетикӣ, фарҳангии истилоҳи иттилоот аз фаҳмиши маълумоти кибернетика, физика, биология ва ғайра ба куллӣ фарқ мекунад.
Иттиолот хусусиятҳои хоси худро дорад:
- Идеалӣ ва номустақилиятӣ. То он даме, ки маълумот дар хотираи инсон ҷойгир аст, он идеалӣ аст. Ҳангоми ба воситаи моддӣ (дар коғаз, дар компютер ва ғ.) интиқол додани иттилоот он моддӣ намешавад ва барои субъектҳои истифодакунандаи он идеалӣ боқӣ мемонад. Танҳо интиқолдиҳандаи иттилоот моддӣ мебошад. Номустақилиятии иттилоот дар имконнопазирии мавҷудият ва фаъолияти он бе интиқолдиҳандаи моддӣ зоҳир мешавад.
- Тамомнашаванда. Дар он зоҳир мешавад, ки иттилоот ҳангоми интиқоли метавонад шумораи бемаҳдуди корбаронро дошта бошад ва ҳамзамон бетағйир боқӣ монад.
- Давомнокӣ. Давомнокӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҳама тағиротҳои иттилоотӣ бо тағирёбии системаҳои моддии дорои хусусияти прогрессивӣ мебошанд, ки муттасиларо ҳам дар сатҳи ҷисмонӣ ва ҳам иттилоотӣ таъмин мекунанд.
- Интихобӣ. Ин маънои қобилияти интихоб ё интихоби иттилоот ҳангоми истифодаи он, ҷамъоварӣ ё коркарди онро дорад.
- Тағирпазирӣ. Ин маънои онро дорад, ки қобилияти интишори як мундариҷа дар шаклҳои мухталиф ва бо усулҳои мухталифи пешниҳод карда мешавад.
- Универсалӣ. Он дар он зоҳир мешавад, ки мундариҷаи он метавонад бо ҳама гуна падидаҳо ва равандҳои воқеияти физикӣ, биологӣ, иҷтимоӣ алоқаманд бошад.
Сифати ҳамаҷонибаи иттилоот:
- Мутобиқат- мувофиқат бо мундариҷае, ки истеҳсолкунанда ба иттилоот ворид кардааст;
- Эътимоднокӣ - мутобиқат ба воқеияти объективии гирду атроф;
- Пурра - кофӣ барои қабули қарор;
- Зиёдатӣ - баланд бардоштани эътимоднокии иттилоот, ки дар натиҷа он ҳаҷми бештарро мегирад;
- Дастрасӣ - ченаки қобилияти ба даст овардани ин ё он иттилоот;
- Арзиш - дараҷаи аҳамияти он, зарурат барои қабули қарорҳои иттилоотӣ.
Манбаъ:
Pieter Adriaans. nformation. // Стэнфордская философская энциклопедия 2012. (англ.)
Википедия. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%98%D0%BD%D1%84%D0%BE%D1%80%D0%BC%D0%B0%D1%86%D0%B8%D1%8F