Таърихан, «медиа» маънои ҳама гуна муоширатро дошт ва «массмедиа» - он чизе, ки ба коммуникатсияи омма дахл дорад. Масалан, папируси дафтари ҳисоб, ки дар он ҷо тоҷири қадимии мисрӣ навиштааст, ки «10 моҳӣ фурӯхтааст, як халта орд харидааст», «медиа» (паём) ба ҳисоб меравад, ки ба доираи танги одамон - ба худаш ва ёрдамчиёни дӯкон равона карда шудааст. Ва лавҳаҳои сангин бо қонунҳои Ҳаммурапӣ, ки барои шиносоии тамоми сокинони кишвар гузошта шудаанд, «массмедиа» мебошад. Агар ба тарзи муосир бигӯем, пас паёме, ки ба дӯстатон фиристода шудааст, ба “медиа” алоқаманд аст, ва паёме, ки ба чати мактаб фиристода шудааст, аллакай “массмедиа” мебошад. Аммо, бо паҳн шудани Интернет, ин мафҳумҳо ҳаммаъно шуданд.
Аввалин ҳуҷҷатҳои хаттӣ навиштаҷоти Тертерия мебошанд - лавҳаҳои гилие, ки дар қаламрави Руминияи муосир ёфт шудаанд ва ба соли 5500 пеш аз милод тааллуқ доранд. Мазмуни онҳо эҳтимолан хусусияти иқтисодӣ дорад, аз ин рӯ онҳо ба категорияи "медиа" дохил мешаванд.
Гузаштагони васоити ахбори омма гузоришҳои қадимии хабарии Рум мебошанд. Онҳо дар бораи воқеаҳое, ки дар шаҳр ба амал меомаданд, нақл мекарданд ва онҳоро Acta diurna populi romani ("Корҳои ҳаррӯзаи мардуми Рум") меномиданд. Онҳоро бо овезон кардани дафтарчаҳо дар ҷойҳои серодам паҳн мекарданд ва сокинони ашроф ва сиёсатмадорон нусхаи инфиродии дастхатро мегирифтанд.
Инчунин дар фазои Дашти бузург мубодилаи доимии паёмҳо сурат мегирифт. Одамоне, ки ба таври ғайримустақим дар интиқоли иттилоот ширкат доштанд, ва мухимтарин хабархои расмиро мерасониданд, онҳоро "заршӣ" ё “қосид” (хабаррасон) меномиданд. Ҷои алоҳидаро дар ин система радиои сарафанӣ ишғол мекард - вақте ки одамон хабарҳои навро аз якдигар мефахмиданд.
Аввалин рӯзномаи чопӣ дар Чин қадим дар асри VIII пайдо шуд. Он фармонҳои император ва паёмҳо дар бораи рӯйдодҳои муҳимро дар бар мегирифт. Барои ба даст овардани нусхаи чопӣ, дар тахтаҳо иероглифҳоро мебуриданд, сипас тахтаҳоро бо ранг пӯшонида ба варақҳо мемолиданд.
Дастнавис ба формати кодекс иваз шуд, ин китоби ҳифзшуда ва васлшуда иборат аз варақаҳои алоҳидаи коғаз мебошад. Имконияти навиштан аз ҳарду ҷониб ва мустақиман ба қисмати дилхоҳ гузаштан бартариҳои асосии кодекс гардиданд.
Тақсимоти кодекс ба унсурҳои устувор (паҳншавӣ) имкон дод, ки хониш мутлақтар карда шавад ва қадами мантиқӣ дар самти ташкили паймоиши китоб гардид.
Манбаъ: Воситаҳои ахбори омма ва саводнокии иттилоотӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 9-11 (12). / П.Банников, Т.Соколова, О.Гороховский, И.Печищев, Д.Радзявичус, А.Усупбоева, Д.Шишкин. - Алмаато: ФБ "Маркази байналмилалии журналистика" MediaNet ", 2021.