Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Таблиғот ба тафаккури мо чӣ гуна таъсир мерасонад?

08.10.2020 • 07:54

Ҳар рӯз  мо  бо овезаҳо, маводҳои телевизионӣ ва сарлавҳаҳои рангини мақолаҳо вомехӯрем. Таблиғот дар ҳама ҷо ва ҳар ҷоест, ки  чашми инсон меафтад. Имрӯз зиндагии моро бе таблиғот, ки аллакай ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мо ворид шудааст , тасаввур кардан ғайриимкон аст . Бидуни он, савдо ғайриимкон аст. Ба назар чунин мерасад, ки ин як чизи муқарарӣ гаштаасту он ягон таъсири баде надорад.  Вале, кош  таблиғгарон ва маркетологон аз  технологияҳои қаллобии таъсирнамоӣ ба омма сӯистеъмол намекарданд.

Одамоне, ки фикр мекунанд, ки таблиғот ба онҳо таъсир   намекунад, иштибоҳ мекунанд. Ҳар як таблиғот ақидаи моро дар бораи бренд ё маҳсулот иваз мекунад.

Шумо гуфта метавонед , ки ягон видеое, ки ҳазорҳо маротиба дар телевизор намоиш дода шудааст, наметавонад шуморо ба харидории  чизе водор намояд. Таблиғоти талқинкунанда  дар ниҳоят дилбазан мешавад , аммо дар ин ҷо як парадокси ҷолиб вуҷуд дорад: баъзан ин гуна таблиғ самарабахштар аст. Такрори чандинкаратаи як баёнияи муайян бо мурури замон  имкон медиҳад, ки дар охир  он  ба маҷмӯи  дониши  шунавандагон ҳамчун як  ҳақиқати баҳснопазир дохил карда шавад.

Таблиғотдиҳандагон иттилоот ё таблиғотро бо ду сабаб   эҷод мекунанд. Аввалан , онҳо мехоҳанд, ки дар бораи маҳсулоти худ маълумот диҳанд ва сониян, онҳо мехоҳанд мардумро ташвиқ кунанд, ки он маҳсулотро харидорӣ кунанд . Азбаски мақсади  онҳо фурӯши  маҳсулот аст, таблиғгарон ба калимаҳо ва маълумоте, ки дар таблиғот истифода бурда мешавад, хеле диққати ҷиддӣ медиҳанд. Онҳо дар таблиғот аксар вақт муболиға ва литотаро истифода мебаранд. Масалан, дар таблиғи телевизионӣ барои чангкашаки Electrolux, соҳибхоназани чобук дар вақти рӯбучин ҳамсояи ошёнаи поёниро ба шифти хонааш мекашад – бо ин роҳ   қувваи ин асбоби хонагӣ муболиға карда шудааст.

Ҳамчун истеъмолкунанда, шумо бояд иттилооти воқеӣ ва муболиғаомезро фарқ карда тавонед, то ин ки пеш аз харид   аз хусусиятҳои маҳсулот бохабар бошед. Инчунин шумо бояд иттилоотеро ба назар гиред, ки таблиғгарон дар таблиғот дохил накарданд. Агар ҳадаф аз он иборат бошад, ки истеъмолкунанда маҳсулотро харидорӣ намояд, ба фикри шумо, таблиғгарон маълумоти манфиро дар бораи он дохил мекунанд? Биёед ба як намуна назар афканем. Тасаввур намоед, ки шумо худи ҳозир  таблиғи як шарбати нави  варзиширо бо номи  Refresh тамошо кардед . Дар таблиғ гуфта мешавад, ки он шарбат ба шумо қувват мебахшад ва он хеле болаззат аст . Аммо, таблиғот ба харидорон намегӯяд, ки нӯшокӣ пур аз шакар аст ва он на он қадар ба саломатӣ муфид аст. Чаро? Зеро ворид кардани чунин маълумот метавонад одамонро водор намояд, ки он маҳсулотро нахаранд . Набудани чунин маълумот маънои онро дорад , ки харидор дар бораи маҳсулот маълумоти пурра надорад. Аз ин рӯ, вақте ки шумо таблиғотро мебинед, шумо бояд аз фаросат истифода намуда, аз танбалӣ даст кашед ва маълумотро бодиққат санҷед.

 Баъзан муайян намудани фиреб дар таблиғ ғайриимкон аст. То он даме, ки шумо  кӯшиш накунед, нахонед ё таваҷҷӯҳ накунед, шумо фаҳмида наметавонед. Барои содданамоӣ стратеги  студияи Pinkman ва муассиси оҷонсии SenseSay Александр Никифоров дастурҳои зина ба зина дар бораи истифодаи майна ҳангоми тамошои таблиғот ва баннерҳоро омода кард.

1. Аз ақли солим истифода баред

Ҳар вақте, ки шумо ба дурустии паёми таблиғотӣ шубҳа мекунед, ақли солим бояд истифода шавад. Яъне, ҳамеша. Ҳамон як найрангҳо метавонанд моли хуб ё бадро таблиғ кунанд. Масалан, ситораҳои шинохтаро аксар вақт барои машҳуркунии мол истифода мебаранд. Қариб ҳамеша иштироки ситораҳо дар таблиғ фиреб аст, аммо истисноҳо низ ҷой доранд: Познер дар навори Алфа-Банк ба эҳтимоли зиёд дар ҳақиқат ҳам муштарии онҳост. Тимати дар таблиғи Лейс  гумон аст, ки ин чипсҳоро бихӯрад.

2. Истифода аз   "призмаи шубҳа"

Ана ин маслиҳатҳое мебошанд, ки "призмаи шубҳа" -и тамошоро ташкил менамоянд:

● Хамираи дандон дандонҳои шуморо дурахшон намекунад,      

● Креми ороишӣ аз ожангҳо наҷот намебахшад,      

● Фруктис баъди се маротиба истифода кардан мӯйро табобат намекунад,      

● Курта чун дар расм комилан сафед намешавад.      

Масалан, косметикаи касбии дорои хосиятҳои табобатиро танҳо аз косметологҳо харидан ё дар салон истифода бурдан мумкин аст. Тамоми косметикаи дигар барои табобат кор намеояд, аз ин сабаб онҳоро ороишӣ меноманд.

3. Ба расмҳои диққат ҷалбкунанда ва иштиҳоовар бовар накунед

Хусусан ҳангоми тамошои навор дар бораи хӯрок ва нӯшокиҳо. Миллионҳо тарзи болаззат нишон додани кӯфта вуҷуд дорад, аммо ин маънои онро надорад, ки он дар ҳақиқат бомазза хоҳад буд. Бубинед, ки чӣ гуна  таблиғи хӯрок  ба навор гирифта мешавад: https://www.youtube.com/watch?v=MflT0I7ZPCs&feature=emb_logo

4. Аз пешниҳодҳои молиявӣ эҳтиёт шавед

Тарзу роҳҳои нави сарватмандшавӣ дар  таблиғот тақрибан ҳамеша фиреб ва дом мебошанд. Агар ин таблиғи иттилоотии бонкҳои маъруф дар бораи тарифҳои нави гарав набошад, пас ҳатман  ақлу фаросатро истифода бурда ба хотир оваред, ки чӣ қадар одамон аз пирамидаҳо, форексҳо, ва схемаҳои номаълум ва қарзҳои асъорӣ фиреб хӯрдаанд.

5. Низоми Фрайи бадгумон

Таблиғот дар Интернет аз таблиғоти оддӣ фарқе надорад : ақли солим ва қобилияти санҷиши иттилоот беҳтарин воситаи амон мондани мост. Боз ҳамон усулҳо кор мекунанд. Агар шумо дар баннер ё дар видео як шахси машҳурро дар тасвирҳои "ПЕШ ВА БАЪД" мебинед - фавран низоми Фрайи бадгумонро фаъол кунед .

Ба лоиҳаҳои махсус бо блогерҳо эътимод накунед : онҳо аз бренди таблиғшударо истифода намебаранд, танҳо дар бораи онҳо бар ивази пули зиёд нақл мекунанд. Агар ҳатто истифода баранд ҳам, пас ин як тасодуфи бениҳоят нодир аст ва онҳо дар ин бора махсус наменависанд.

● Павел Воля нони хушккардашударо намехӯрад ;      

● Бузова аз банк қарз намегирад ;      

● Тимати дар Пятерочка кор намекунад ;      

6. Дар хотир доред, ки ҳеҷ мӯъҷизае вуҷуд надорад

Баъзан ваъдаҳо дар паси "таҳқиқот" ва формулаҳои мураккаб пинҳон карда мешаванд. Маълумот, хусусан дар таблиғоти дорусозӣ, аксар вақт тавре нишон дода мешавад, он аз тарафи олимон исбот карда шудааст. Барои ошкор кардани фиреб дар мавзӯи мураккаб, шумо бояд мавзӯи мураккабро омӯзед.

Шумо аллакай ин схемаро фаҳмидед: қандчаҳои ширинкардашудаи ментол наметавонанд дарди гулӯро табобат кунанд, аммо онҳо дардро дар муддати кӯтоҳ сабук мекунанд. Агар каме ақлро кор фармоед, фиреб будани сиҳатёбиии мӯъҷизанокро дар як дақиқа фош мекунед ва ба шодмонии корманди идора, ки сонияе қабл аз шамолхӯрӣ мемурду ҳоло хушбахтона дар байни ҳамкорон давида гаштааст, шубҳа мекунед.

Фосфолипидҳои эссенсиалии ҷигар бо самаранокии клиникӣ исботшуда вуҷуд надоранд. Дар телевизорҳо доруҳои мураккаб, хатарнок ва муассир таблиғ карда намешаванд - онҳоро танҳо духтур таъин карда метавонад. Пас аз якчанд маротиба пахш кардани мушаки компютер мо мефаҳмем, ки ягон "ҳабҳои шифобахш" вуҷуд надоранд. Агар шумо триггерҳои таблиғотии маъмулиро шунавед, ҳушёр бошед:

● Ман инро озмудам ва он кор кард. Бовар накунед.      

● Ман бо истифодаи он шустам ва доғ нопадид шуд. Бовар накунед.      

● Дар як рӯз миллионер мешавед. Бовар накунед      

● Ҷавонкунии пӯст пас аз се истифода. Бовар накунед.      

Вақте ки шумо дар хотир доред, ки мӯъҷизаҳо вуҷуд надоранд, мушоҳида кардани фитнаҳои таблиғ осонтар мешавад. Мағзи худро ба кор андозед, то ки фирефта нашавед, ақли солимро истифода баред.

Манбаъҳои истифодашуда:

  1. Чизҳои Хубро биомӯз, ( 8 марти 2016) " Усулҳои идораи психика дар таблиғи McDonald's" аз вебсомонаи whatisgood.ru  https://whatisgood.ru/raznoe/ads/reklama-makdonalds/
  2. Coursera.org,  “English for Media Literacy. Unit 3: Advertising”  https://www.coursera.org/learn/media/home/welcome
  3.  Никита Непряхин , ( 6 июни соли 2018) "Манипулясияҳо ва найрангҳо дар маркетинг ва таблиғ " аз сомонаи nepryakhin.ru https://nepryakhin.ru/news/manipulyacii-i-ulovki-v-marketinge-i-reklame/
  4. Алексей Павлов, (12 июли соли 2019) "Чӣ гуна қаллобиро дар таблиғ ошкор кардан  мумкин аст" аз сомонаи vc.ru https://vc.ru/marketing/75132-kak-raspoznat-obman-v-reklame

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.