Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Кибербуллинг: чӣ гуна бояд хатарро эътироф кард ва мубориза бурд

29.01.2021 • 11:41

Ҳар як соҳиби смартфон ё планшет, ки Facebook, Instagram, Twitter, WhatsApp, YouTube ва ё ягон шабакаи дигари иҷтимоиро истифода мебарад, метавонанд ҳадафи кибербуллинг гардад. Албатта, канорагирӣ аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи муассиртарини муҳофизат аз кибербуллинг хоҳад буд, аммо ин чораи охирин аст. Беҳтар аст, ки муколамаи кушодро бо одамони гирду атроф ташвиқ намуда, онҳоро даъват намоед, ки дар сурати қурбонии таҳқири онлайн шуданашон кӯмак пурсанд.

Вақте ки зӯроварӣ дар Интернет сурат мегирад, эҳсосоте пайдо мешавад, ки гӯё шумо дар ҳама ҷо, ҳатто дар хонаи худатон мавриди ҳамла қарор гирифтаед. Чунин ба назар мерасад, ки наҷот нест. Ин ҳиссиёт метавонад муддати тӯлонӣ давом кунад ва ба одамон бо тарзҳои гуногун таъсир расонад [1]:

✔ Равонӣ - худро нороҳат, ошуфта, беақл ва ҳатто хашмгин ҳис мекунед.

✔ Аз ҷиҳати эмотсионалӣ - шумо шарм медоред ё таваҷҷӯҳро ба чизҳои дӯстдоштаатон гум мекунед.

✔ Аз ҷиҳати ҷисмонӣ - эҳсоси хастагӣ (гум шудани хоб) ё аломатҳо, аз қабили дарди шикам ва дарди сар

Дар ҳолатҳои шадид, кибербуллинг ҳатто метавонад ба марг оварда расонад. Кибербуллинг метавонад аз бисёр ҷиҳат ба мо таъсир расонад. Аммо онро бартараф кардан мумкин аст ва одамон метавонанд эътимод ва саломатии худро дубора ба даст оранд.

Агар шумо фикр кунед, ки шуморо таҳқир мекунанд, қадами аввал [2]

Ҳисобҳои таҷовузкоронро, ки онҳо барои паҳн кардани нафрати худ истифода мебаранд, маҳкам кунед

Шикоят кунед. Дар бораи ҳодиса ба намояндагони шабакаи иҷтимоӣ хабар диҳед.

Фикр кунед, ки дар бораи вазъият боз ба кӣ хабар додан лозим аст. Кӯшиши бо ҷинояткорон мустақилона ҷобаҷо кардани корҳо аксар вақт бефоида аст ва метавонад ҳама чизро бадтар кунад.

Далелҳоро нигоҳ доред – Паёмҳои таҳқиромези электронро нест накунед. Агар дертар дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бигӯед, ба шумо далел лозим мешавад.

Танзимоти махфияти худро тағир диҳед. Боварӣ ҳосил кунед, ки профили шумо танҳо ба дӯстонатон намоён аст.

Рӯйхати дӯстони худро аз назар гузаронед. Онҳое, ки шумо намешиносед, надидаед ё онҳое, ки ба шумо писанд нестанд, хориҷ кунед. Ин шуморо аз дигар ҳолатҳои эҳтимолии кибербуллинг муҳофизат мекунад. Ва дар оянда он шахсонеро, ки шумо намешиносед ва бо онҳо шахсан муошират накардаед, ҳамчун дӯст илова накунед.

Манбаъҳо:

1.“Травля в интернете: что это и как с этим бороться.”Гирифта шудааст: Unicef.org.

2. “Что такое кибербуллинг и как от него защититься.” Avast.ru. Гирифта шудааст: https://www.avast.ru/c-cyberbullying

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.